Ноябр 03, 2022 10:38 Asia/Dushanbe
  • Амрико ҳамвора аз ҳуқуқи башар ба унвони абзор сӯиистифода кардааст

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал бо баёни ин ки ба гувоҳи таърих Амрико ҳаргиз нигарони ҳуқуқи башар дар Эрон набуда, аммо аз он ба унвони абзор сӯиистифода кардааст, гуфт, Амрико дар баргузории нишасти ғайрирасмии зиддиэронӣ ба корзори амалиёти равонии мутавассил шудааст.

Амир Саиди Иравонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бораи нишасти ғайрирасмӣ дар бораи ҳаводиси Эрон ба саркардагии Вашингтон гуфт, Амрико иддао мекунад ин нишастро бо ҳадафи ҳимоят аз ҳуқуқи башари Эрон баргузор мекунад, аммо танзи кор он ҷост, ки эрониён густардатарин садамот аз ноҳияи таҳримҳои золимонаи Амрикоро тайи даҳҳо сол мутаҳаммил шудаанд, он ҳам дар як ҷанги воқеӣ, ки абзори ҷангии он ғизо ва дору будааст.

Ӯ афзуд, Амрико ба таври стандарт аз як мафҳуми боарзиш, яъне ҳуқуқи башар сӯиистифода кардаву платформаи СММ ва манобеи онро барои тавсеаи дастури кори сиёсии худ дасткорӣ мекунад.

Вай афзуд, мавзуи ҷаласаи имрӯз ба таври равшан дахолат дар умури дохилии як давлати ҳоким асту нақзи ошкори эъломияи СММ ва ҳуқуқи байналмилал аз замоне, ки назми ҳуқуқии байналмилалӣ поягузорӣ шуд, маҳсуб мешавад.

Дипломати аршади Ҷумҳурии исломии Эрон дар СММ гуфт, ҳаққи озодии баёну таҷаммуи мусолиматомез дар қонуни асосии Эрон ба расмият шинохта шудаву баҳрамандӣ аз ин ҳуқуқ тавассути мардуми Эрон аз сӯи давлат мавриди ҳимоят будааст.

Вай изофа кард, давлати Эрон ҳамвора ҳаддиаксари талошро барои риояти ҳуқуқи башар анҷом дода ва ба талошҳои худ барои ин ки мардуми Эрон шароити зиндагии беҳтареро ки шоистаи он ҳастанд дошта бошанд, идома медиҳад ва дар ин росто дар ҷиҳати тармими қонунҳову муқаррароти мавриди ниёз иқдом мекунад.