Ноябр 03, 2022 19:24 Asia/Dushanbe
  • Инқилоби исломӣ султаи дарунхолии Амрикоро дучори мушкил кард

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт : Инқилоби исломӣ султаи дарунхолии Амрикоро дучори мушкил кард.

Сездаҳуми обон ( чаҳоруми ноябри 2022 ) рӯзи миллии " Мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ " дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст .
Чиҳилу се сол пеш дар чунин рӯзе донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеъаҳои гуногуни Амрико зидди инқилоби исломии Эрон лонаи ҷосӯсӣ ( сафорат )-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ дар паёме ба муносибати фаро расидани 13 обон бо ишора ба инки 13 обон, рӯзи миллии мубориза бо истикбор дар се мақтаи муҳими торихӣ, ба унвони неруи муҳаррикаи ҳаракатҳои мардумӣ ба сӯи инқилоби исломии Эрон амал кардааст, навишт : Агар чи аз инқилоби истиқлолталабона ва зиддиистикбории миллати Эрон, ки мунҷар ба ихроҷи Амрико ва давлати вобаста ба ӯ шуд, 44 сол мегузарад, аммо ин инқилоби илҳомбахш акнӯн тавонистааст султаи дарунхолии Амрикоро дар чаҳон ва минтақа дучори мушкил кунад
.
Сарлашкар Боқирӣ бо ишора ба инки имрӯз деворҳои ҳаёти хилвати Амрико ҳам дар ҳоли фурӯ рехтан аст, тасреҳ кард : Муассисаҳо ва  назарияпардозони шинохташудаи амрикоӣ барои уфӯли ин кишвар рӯзшумор таъйин кардаанд ва бо изъон ба инки назми ҷаҳони якқутбӣ ба раҳбарии Амрико рӯзҳои поёнии худро сипарӣ мекунад хабар аз ҷаҳони
 чандқутбӣ дар ояндаи наздик медиҳанд, ки Ҷумҳурии исломии Эрон яке аз бозигарони муассири он аст .

 

Барчасп