Таъкид бар бетарафии Эрон дар қиболи ҷанги Украина
(last modified Fri, 04 Nov 2022 13:57:30 GMT )
Ноябр 04, 2022 18:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба Украина: Изҳороти эҳсосӣ ва иттиҳомзаниҳои ғайримустанад
    Эрон ба Украина: Изҳороти эҳсосӣ ва иттиҳомзаниҳои ғайримустанад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти вазири хориҷаи Украина, бо таъкид бар бетарафии фаъоли Ҷумҳурии исломии Эрон дар қиболи ҷанги Украина гуфт: Изҳороти эҳсосӣ ва иттиҳомзаниҳои ғайримустанад кумаке ба ҳалли буҳрони Украина намекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи панҷшанбе зимни тавсияи тарафи украинӣ ба воқеъбинӣ афзуд: Мақомоти ин кишвар беҳтар аст ба ҷои фарофиканӣ ва тарҳи иттиҳомоти беасос алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба пешниҳодоти созандаи Теҳрон барои баргузории нишасти дуҷонибаи фаннӣ ва коршиносӣ ба манзури ироаи мустанадоти иддаоҳои худ посух диҳанд.

Канъонӣ бо ишора ба талошҳои дипломатии Ҷумҳурии исломии Эрон барои ёфтани роҳи ҳалли мусолиматомез барои ҳалли буҳрони Украина аз ибтидои шуруи буҳрони ин кишвар, бори дигар ирсоли ҳар гуна силоҳу таҷҳизот барои истифода дар ҷанги Украинаро қавиян такзиб кард ва муҷаддадан бар омодагии Теҳрон барои кумак ба таваққуфи ҷанг таъкид кард.

Вазири хориҷаи Украина бо вуҷуди такзиби мукаррари иддаоҳо дар бораи ирсоли паҳподу силоҳ аз Эрон ба Русия барои истифода дар ҷанги Украина, боз ҳам ин иддаоро такрор ва Эронро ба посухи «бераҳмона» таҳдид кард.