Таслияти солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума ( с )
(last modified Sat, 05 Nov 2022 04:22:22 GMT )
Ноябр 05, 2022 09:22 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума ( с )

Эрони исломӣ дар солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума ( с ), хоҳари гиромии ҳазрати Имом Ризо ( а ) аз наберагони Паёмбари Акрам(с) ғарқ дар сӯгу мотам аст .

Шанбе-10 рабиъиссонии соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 5 ноябри соли 2022 солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума ( с ) аст .
Мардуми Эрони исломӣ бо барафроштани парчамҳову байрақҳои сиёҳ ба нишонаи азо ва бо баргузории маросими мухталифи азодорӣ иродати худ ба ин бонӯи Ислом ва ишқу иродати худро ба хонадони Аҳли байти исмату таҳорат ( а ) ба намоиш мегузоранд.
Дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума ( с ) дар Қум ҳам барномаҳои вижаи суханронӣ ва маддоҳӣ баргузор ва зоирону муҷовирони он ҳазрат азодорӣ ва сӯгворӣ мекунанд .
Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Маъсума ( с )-ро ба ҳамаи озодихоҳону мусулмонони ҷаҳон таслият мегуяд.