Ноябр 06, 2022 17:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон
    Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон

Муовини умури ҳунарии вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон бо ишора ба ин ки Эрону Тоҷикистон дӯстони асри сахтиҳо ҳастанд, гуфт: Дунё муддатҳост, ки мо ду миллати ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва ҳамтаъриху тамаддунро ҷудо аз ҳам мехоҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муовини вазири фарҳангу иршоди исломӣ бо ҳузур дар Донишгоҳи миллии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Кӯлоб, бо қадрдонӣ аз ҳусни меҳмоннавозии мардуми Кӯлоб ба пешинаи равобит ва решаи муштараки таърихиву тамаддунии ду кишвари дӯсту бародари Эрону Тоҷикистон ишора кард ва гуфт: Эрону Тоҷикистон дӯстони қадимии асри сахтиҳо ҳастанд, ки таърихи ин ду кишвар нишон медиҳад ҳамвора мавриди ҳамла, найранг, тавтеаи душманон ва бегонагон будааст.

Маҳмуди Солорӣ бо таъкид бар ин ки дӯстии ду миллати Тоҷикистону Эрон барои имрӯз ва дирӯз нест, балки решае ба умқи таърих дорад, афзуд: Дунё муддатҳост ки мо ду миллати ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва ҳамтаъриху тамаддунро ҷудоӣ аз ҳам мехоҳад.

Вай хотирнишон кард, таърих нишон медиҳад, ки душманони мо ҳамвора дар пайи тафриқаафканӣ, тавтеаофаринӣ ва таъкид бар ҷудоӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон будаву ҳастанд.

Муовини умури ҳунарии вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон идома дод: Агарчӣ чанд соле ба васвасаи тавтеагарону тафриқаафканон фироқе миёни мову шумо афтод, аммо бо дирояту тадбири бузургони Эрону Тоҷикистон хушбахтона ин шикофи амиқу тавтеаҳои бегонагон имрӯз мунҷар ба наздикӣ ва дӯстии ҳарчӣ бештари ду кишвар шудааст.

Дар ин маросим вижабарномаҳое монанди “Шоҳномахонӣ”, шеърхонӣ ва мусиқӣ иҷро шуд.

 

Бештар бихонед: