Ноябр 07, 2022 11:07 Asia/Dushanbe
  • Арабистон бо ҳимоят аз иғтишошот дар Эрон, пул ва дастгоҳои ҷосуси ба гурӯҳҳои террористӣ дод вале онҳо ба дасти нерӯҳои амниятии Эрон уфтод
    Арабистон бо ҳимоят аз иғтишошот дар Эрон, пул ва дастгоҳои ҷосуси ба гурӯҳҳои террористӣ дод вале онҳо ба дасти нерӯҳои амниятии Эрон уфтод

Мудири марказии муттолеъоти стратежик ва равобити байналмиллалии Эрон бо ишора ба иғтишошот дар кишвар гуфт, душманон тарҳи ин иғтишошотро аз мудатҳо қабл омода карда буданд ва фавти Маҳсо Аминӣ танҳо баҳонае барои иҷрои он буд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Амир Мусавӣ мудири марказии мутолеъоти стратежик ва равобити байналмиллалии Эрон изҳор кард, сервисҳои амниятӣ ва иттилоотии Эрон аз тарҳи душманони мабни бар эҷоди иғтишош дар кишвар иттилоот доштанд ва дар марҳилаи нахуст ба бандҳои махфи иҷоза доданд, ки худашонро нишон диҳанд.

Мудири марказии муттолеоти стратежик ва равобити байналмиллалии Эрон тасреҳ кард, Арабистон бо ҳимоят аз иғтишошот дар Эрон, пул ва дастгоҳои ҷосуси ба гурӯҳҳои террористӣ дод вале онҳо ба дасти нерӯҳои амниятии Эрон уфтод.

Мусавӣ таъкид кард, ки ҳадафи душманон аз зарба задан ба Эрон, тазалзул дар мавзӯъи музокира кунандагони кишвар буд аммо ин масъала рӯх надод зеро мантиқи Эрон дар музокирот дуруст ва мубтани бар қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Миллал аст.

Мудири маркази муттолеъоти стратежик ва равобити байналмиллалии Эрон хотирнишон кард кард, агар тавофуқе бар сари барномаи ҳастаӣ ҳосил нашавад, Теҳрон ба пешрафти ин барнома то марҳила идома хоҳад дод, ки Ғарб наметавонад тасаввур кунад.

Бештар бихонед: