Ноябр 07, 2022 12:54 Asia/Dushanbe
  • Чанд шиновари тафреҳи  сохта шуда ва дар ҷазираи Киш ва Қишми устони Ҳурмузгон дар хидмати гардишгарони дарёи аст
    Чанд шиновари тафреҳи сохта шуда ва дар ҷазираи Киш ва Қишми устони Ҳурмузгон дар хидмати гардишгарони дарёи аст

Ширкати санъати дарёии Эрон (Садро) дар соли 1968 дар Бушаҳр бо таъмир ва сохти анвоъи шиноварҳои дарёӣ фаъолияти худро оғоз кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, ширкати санъати дарёии Эрон дар Бушаҳр акнун муҷаҳаз ба ҷомеътарин ва комилтарин имконоти тарроҳи, муҳандисӣ, сохт, ҳамлу нақл ва насби анвоъи созаҳо ва шиноварҳои гардишгарӣ, тиҷорӣ, низомӣ ва амалиётиву имдод аст.

Ширкати Садро дар масири иртиқои сатҳи текнулужи бо риояти стандардҳои байналмиллалӣ дар соли 1997 муваффақ ба ахази гувоҳиномаи Изу 9001 дар заминаи тарроҳи, сохт ва насби таъсисоти фаросоҳилии наҷфту газ, киштисозӣ ва сохти поёнаҳои нафти шуд.

Садро ба унвони бузургтарин корхонаи киштисозӣ дар Эрон бо баҳрагири аз тавони дохили ва нухбагони эронӣ, анвоъи шиноварҳо дар килоси мухталифро тавлид ва  ба кишварҳои дигар ба вижа ҳамсоягон содир мекунад.

Ба ҷузъ шиноварҳои низомӣ, ки дар ҳоли сохт дар ширкати санъати дарёии Эрон аст, чанд шиновари тафреҳи ҳам сохта шуда ва дар ҷазираи Киш ва Қишми устони Ҳурмузгон дар хидмати гардишгарони дарёи аст.

Бештар бихонед: