Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Посухи Эрон ба Амрико кӯбанда хоҳад буд
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, посухи низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ба коршиканиҳои Амрико дар қиболи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) қотеъ ва кӯбанда хоҳад буд.
Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, тамдид ва тасвиби таҳримҳои 10 -сола зидди Эрон аз сӯйи Конгресси Амрикоро нақзи ошкори БАРҶОМ ба унвони ба тавофуқи ҷаҳонӣ хонд ва афзуд: "Бадаҳдиҳои Амрико дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ байни Эрон ва гурӯҳ 5+1 собит кард, он кишвар ба тааҳҳудоти худ дар арсаи байналмилал пойбанд нест".
Имоми ҷумъаи Теҳрон гуфт, агар Барак Абама, раиси ҷумҳурии Амрико таҳти таъсири лоббии саҳюнистӣ қарор гирад ва бо раъйи Конгресси Амрико дар бораи тамдиди таҳримҳо мувофиқат кунад, дар таърих барои худ номи сиёҳ барҷой хоҳад гузошт.
Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин дар вокуниш ба изҳороти зиддиэронии Тереза Мэй, нахуствазири Англия дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар Маномаи Баҳрайн, ки аз ҳамкории Лондон бо кишварҳои арабӣ зидди Эрон сухан гуфта буд, гуфт: “Англия то ба имрӯз аз ҳеҷ талоше барои мубориза бо Ислом ва тафриқаафканӣ байни кишварҳои исломӣ фурӯгузор накардааст”.
Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин бо ишора ба наздик шудани Эрон ба даврони интихоботӣ таъкид кард, интихобот дар Эрон нишондиҳандаи нишоти сиёсӣ ва баёнгари вуҷуди озодӣ аст, ки ба баракати низоми Ҷумҳурии исломӣ ба миллати Эрон ҳадя шудааст.