Фармондеҳи марзбонии нерӯи интизомии Эрон: Амният ва оромиш дар марзҳо ҳоким аст
Фармондеҳи марзбониИ нерӯи интизомии Ҷумҳӯрии исломии Эрон гуфт: Амният ва оромиш дар марзҳои кишвар ҳоким аст.
Ба гузориши Садои Хуросон, сардор сартип Аҳмадалии Гударзӣ фармондеҳи марзбонии нерӯи интизоми Ҷумҳӯрии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар нишаст бо фармондеҳон ва муовинони марзбонии Устони Систону Балучистон, бо қадрдонӣ аз талошҳои марзбонон дар таъмини амнияти марҳои ҷанубу шарқӣ кишвар, гуфт: Бо талош ва ҳимати марзбонони нерӯи интизомӣ, дар устони Систону Балучистон амният комил барқарор аст. Фармондеҳи марзбонии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо ишора ба иқдомоти анҷом шуда дар марзҳои ҷануб ва шарқ афзӯд: Бо талош ва кушиши марзбонӣ ва интизомии устон вазъияти амниятии марзҳо пойдор ва оромиши хос дар марзҳои кишвар ҳоким аст. Фармондеҳи марзбонии нерӯи низомии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон тасреҳ кард: Сарбозони нерӯи интизомӣ бо камтарин имконот, болотарин амниятро барои ҳамватанони худ дар саросари кишвар тавлит мекунанд.
Бештар бихонед: