Ноябр 10, 2022 09:43 Asia/Dushanbe
  • Сиёсати тағйирнопазири Эрон поён додан ба ҷанги Украина аст

Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо ҳамтои итолиёии худ, сиёсати усӯлӣ ва ғайри қобили тағйири Ҷумҳурии Исломии Эронро поён додан ба ҷанги Украина унвон ва тасреҳ кард, бар ҳамин асос ба талоши худ барои кумак ба пешбурди фароянди сиёсӣ идома медиҳем.

Дар тамоси телефонии Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Антонио Таяни (Antonio Tajani), вазири умӯри хориҷаи Италия, охирин таҳаввулоти муносиботи дуҷониба, байналмилалӣ ва минтақаӣ мавриди ройзанӣ қарор гирифт.

Амирабдуллоҳиён интисоби Таяни ба унвони вазири хориҷаи Италияро табрик гуфту нисбат ба густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар ибрози умедворӣ кард.

Вай аз мавзеи Италия дар маҳкӯмияти иқдоми террористии ДИИШ дар ҳарами ҳазрати Шоҳчароғ (ъ) Шероз ташаккуру ҷомеъаи байналмилалиро ба ифои масъӯлият дар муқобила бо ин падидаи шум фарохонд.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин дар ин дидор охирин вазъияти музокироти рафъи таҳримҳо ва ҳамкории Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Эронро табйин кард.

Вазири умӯри хориҷаи Италия низ изҳор дошт, Эрону Италия вориси тамаддунҳои куҳан ҳастанд ва метавонанд муносиботи густарда ва рӯба рушде дошта бошанд.

Антонио Таяни ҳамчунин бар аҳаммияти нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртиқои сулҳу субот дар минтақаи ғарби Осиё таъкид кард.

Вай дар мавриди музокироти лағви таҳримҳо гуфт, Италия ҳамаи талоши худро барои дастёбӣ ба тавофуқе, ки таъминкунандаи манофеи ҳамаи тарафҳо бошад, бакор хоҳад баст.