Эъломи омодагии Эрон барои ҳалли мусолиматомези ихтилофи марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон
(last modified Thu, 10 Nov 2022 09:29:15 GMT )
Ноябр 10, 2022 14:29 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Эрон барои ҳалли мусолиматомези ихтилофи марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири дифои Қирғизистон таъкид кард, Эрон барои ҳалли мусолиматомези ихтилофи марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон омодагӣ дорад.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо генерал Бахтибек Бекболотов, вазири дифои Қирғизистон дар бораи масоили муҳимми мминтақа ба сӯрати телефонӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши равобит умумии Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ, сарлашкар Боқирӣ бо ишора ба нигоҳи вижаи давлати ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртиқои сатҳи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақаи Осиё Марказӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба равобити мутаъодилу хубе, ки байни ду кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрону Қирғизистон вуҷӯд дорад, неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон низ омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ дар абъоди мухталифи омӯзишӣ, амалиётӣ ва иттилоотӣ эълом мекунад.

Вазири дифои Қирғизистон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, иртибототи сиёсӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрону Қирғизистонро бар асоси равобит ва эътимоди дуҷониба баён кард ва гуфт, ду кишвар тақрибан дар ҳеҷ ҳавзае ихтилоф назар надоранд ва ин иртибототи хуби сиёсӣ байни ду кишвар ояндаи равшанеро эҷод мекунад, ки метавон дар ҳавзаҳои дигар ҳам иртиботу ҳамкории густарда дошта бошем.

Вазири дифои Қирғизистон афзуд, нақши Ҷумҳурии исломии Эрон дар таъмини амнияти минтақа бисёр таъсиргузор аст ва ҳамкории дифоӣ ҳарчӣ бештари ду кишвар бо таваҷҷуҳ ба иттихози тадобир ва тасмимот метавонад барои мубориза бо терроризму ифротигарӣ дар минтақа бисёр ҳоизи аҳаммият бошад.