Волейболи нишастаи Эрон қаҳрамони ҷаҳон шуд
Тими миллии волейболи нишастаи Эрон бидуни вогузории ҳатто як сет ба тимҳо дар тӯли мусобиқот барои ҳаштумин бор қаҳрамони ҷаҳон шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шаби гузашта дар финали рақобатҳои ҷаҳонии волейбол аз соъати 22 : 30, тими миллии Эрон ба масофи тими миллии Босния рафт ва муваффақ шуд дар 3 сети пайдарпай аз садди мизбон убур кунад ва қаҳрамони ҷаҳон шавад .
Тими миллии Эрон барои ҳаштумин бор дар рақобатҳои ҷаҳонӣ унвони қаҳрамониро ба номи худ сабт кард . Дар ин дидор тими миллии Эрон бо натоиҷи 26 бар 24, 32 бар 30 ва 25 бар 12 баробари Босния ба пирӯзӣ расид ва унвони қаҳрамониро аз они худ кард .
Босния бо тавваҷуҳ ба мизбонӣ аз ҳузури пуртеъдоди тамошогарони худ баҳра мебурд ва саъй бар ин дошт бо сахт кардани шароит барои бозикунони Эрон ба пирӯзӣ бирасад, аммо дар шароите ки ду сети нахуст бисёр ҳассосу наздик дунбол шуд, ин Эрон буд ки бори дигар собит кард беҳтарин тими ҷаҳон аст .