Ноябр 12, 2022 20:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷонишини фармондеҳи кулли сипоҳ: Фазои маҷозии олуда ҳарифи басирати мардум нашуд

Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, дар бораи ҳароси душманон аз ҷавонони инқилобии Эрони исломӣ таъкид кард, душманон бо фазои маҷозии олуда мехоҳанд ба аҳдофи худ барисанд, аммо басирати мардуми Эрон ҳамеша ба мавқеъ худро нишон додааст.

Сардор Алии Фадавӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли сипоҳ имрӯз (шанбе), дар ёдвораи 550 шаҳид дар устони Гилон, ки бо ҳузури ақшори мухталифи мардум баргузор шуд, бо ишора ба инки дар ҷанги таҳмилӣ бо ҳамаи душманиҳо сарбаланд берун омадаем, гуфт, дар ҳавзаи қудрати низомӣ дар авҷ қарор дорему мӯшакҳое, ки ҳеҷ системе қодир ба муқобила бо онҳо нест, сохтаем ва ин фақат каме аз қудрату тавонмандии Ҷумҳурии исломӣ аст ва замоне аз қудратҳои худ сухан мегӯем, ки душман асароти бакоргирии онро ламс кунад.

Вай афзуд, ба дунё собит мекунем дар дилу забон ва амал дар ҷабҳаи ҳақ қарор дорем ва бо пуштибонӣ аз вилоят роҳи шуҳадоро идома медиҳем то хиёли хоми душманон ботил гардад.

Сардор Алии Фадавӣ гуфт, душман бо истифода аз фазои маҷозӣ дар даврон корона кушид то бар азҳону тафаккуроти ҷавонону навҷавонон асар гузорад ва бо хаёли хоми худ дар аввали меҳрмоҳ аҳдофи шуми худро пайгирӣ кард, аммо ин тӯҳфаи Ғарб ва тарроҳии аз пеш таъйин шудаи душманон ба баракати хуни шуҳадо бо пирӯзӣ пушти сар гузошта мешавад ва ноком мемонад.

Вай хотирнишон кард, омили бузурги кинаварзии душманон, пирӯзӣ ва пешрафти инқилоби исломӣ аст.

 

Барчасп