Июл 28, 2016 15:54 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба ҳамалоти террористии Фаронса

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон, иқдомоти гурӯҳҳои террористӣ дар Фаронсаро маҳкӯм кард.

Баҳроми Қосимӣ, имрӯз панҷшанбе дар вокуниш ба бурида шудани сари як кишиши фаронсавӣ ва як кӯдаки сурӣ дар Ҳалаби Сурия, гуфт, ингӯна рафторҳои ваҳшиёна дар ҳар куҷо, ки бошад манфур ва маҳкӯм аст.

Қосимӣ дар идома афзуд, аз ин иқдомоти зидди башарӣ, дадманишона ва нафратангез дар канори тамомии виҷдонҳои бедори ҷомеаи башарӣ ба як андоза андуҳгин ва ғамгин ҳастем.

Вай хотирнишон кард, решаи тамомии ин ҷиноёт аз тафаккури инҳирофӣ ДИИШ ва Алқоида аст.

Қосимӣ гуфт, бе таваҷҷуҳӣ ба дардҳо ва масоиби мардуми овора ва бепаноҳи бархе кишварҳои минтақа, дастандозӣ ва дахолати арбобон ва ҳомиёни ДИИШ, Алқоида ва тарвиҷи тафаккури дииш-ӣ онҳо дар ҷиҳати тавлид, тарбият ва судури нафрат, хушунат ва террор, боис шуд, ин фоҷеа ҳамаҷоро фаро гирад.

Вай ҳамчунин гуфт, ҷаҳониён бояд дар мубориза бо терроризм муттаҳид шаванд ва бо такя бар азму иродаи муштараки байналмилалӣ ва афзоиши талошҳои мутамаркази ҷаҳонӣ бо ҳадафи решакании афкори террористӣ, ки аз конуни воҳид сарчашма мегирад, ба як муборизаи воқеӣ ва ҷиддӣ  рӯй оваранд.

Барчасп