Ноябр 13, 2022 17:10 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши намояндагони маҷлиси Эрон ба изҳороти раисиҷумҳури Озарбойҷон

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар вокуниш ба изҳороти раисиҷумҳури Озарбойҷон эълом карданд, изҳороти раисиҷумҳури Озарбойҷон мабное надорад.

Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳар аз чандгоҳ ба тарҳи изҳороти таҳрикомезе даст мезанад. Алиев чанд рӯзи пеш, аз размоиши муштараки Эрону Арманистон интиқод карда буд ва рӯзи ҷумъа низ дар иҷлоси сарони Созмони кишварҳои туркзабон, муддаии дифо аз озариҳои ҷаҳон шуд.

Дар нишасти алании рӯзи якшанбеи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, Саидалбурзи Ҳусайнӣ, намояндаи мардуми Худобанда дар маҷлис гуфт, раисиҷумҳури Озарбойҷон изҳори назаре дар хусӯси мамолики туркнишин кардааст, ки пешниҳоди ман ин аст, ки вай аҳдномаи Гулистонро бихонад то бтфаҳмад куҷо аз куҷо ҷудо шудааст.

Ҳусайнӣ афзуд, ин изҳори назарҳо дар хусӯси тамомияти арзии кишварҳои ҳамсоя дар шаъни раисиҷумҳури Озарбойҷон нест.

Вай тасреҳ кард, изҳори назари раисиҷумҳури Озарбойҷон ғайривоқеъӣ аст, зеро агар қарор буд, ки аҳдномаи Гулистон иҷро нашавад, Озарбойҷон ҷузви Эрон буд ва вай ба раёсатҷумҳурии ин кишвар намерасид.

Алии Некзод, нойиб раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҳам дар вокуниш ба изҳороти Алиев изҳор кард, изҳороти раисиҷумҳури Озарбойҷон мабное надорад.

Минтақае, ки имрӯз ба унвони ҷумҳурии Озарбойҷон шинохта мешавад, 200 соли пеш ва дар даврони ҳукӯмати тезарҳо бар Русия ва ҳокимияти силсилаи Қоҷор тайи қарордоди Гулистон аз Эрон ҷудо шуд. Кишвари Ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар соли 1991, яъне фақат 30 соли пеш ва дар замони фурӯпошии Шуравӣ, эъломи мавҷӯдият кардааст.

 

Барчасп