Пешниҳоди Туркия ба Русия, Чин ва Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i9406-Пешниҳоди_Туркия_ба_Русия_Чин_ва_Эрон
Туркия ба Русия, Чин ва Эрон пешниҳод кард, тиҷоратро миёни ҳам бо пулҳои миллии худ анҷом диҳанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 10, 2016 10:10 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Туркия ба Русия, Чин ва Эрон

Туркия ба Русия, Чин ва Эрон пешниҳод кард, тиҷоратро миёни ҳам бо пулҳои миллии худ анҷом диҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Нуруддин Ҷонкели, муовини нахуствазири Туркия рӯзи ҷумъа ба шабакаи телевизионии «Хабар»-и Туркия гуфт, пешниҳоди Анкара барои истифода аз воҳидҳои пулии дохилӣ дар таомулоти тиҷорӣ бо Русия, Чин ва Эрон бо «мувофиқати сиёсӣ» ҳамроҳ будааст ва бонкҳои марказии ин кишварҳо ба шакли фишурда дар ҳоли баррасии ин масъала ҳастанд.

Баъд аз суқути шадиди арзиши лираи туркӣ дар баробари доллар дар чанд ҳафтаи ахир Туркия ба тиҷорат бо лира тамоил пайдо кардааст. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия аз мардуми ин кишвар хост, барои тақвияти арзиши лира арзҳои хориҷии худро ба тило ё лира табдил кунанд.