Ноябр 15, 2022 10:17 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ : Нақши расонаҳои форсизабони зиддиэронӣ камтар аз гуруҳҳои террористӣ нест

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон бо ишора ба бурузи иғтиштишоти ахир дар Эрон гуфт: Нақши расонаҳои форсизабони зиддиэронӣ камтар аз гуруҳҳои террористӣ нест.

Аз замони бурузи иғтишошоти ахир дар Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ, трибунаи Эронинтирнашнол доим дар ихтиёри раҳбароне аз аҳзоби таҷзияалаб(ҷудоиталаб)и курд, араб ва балӯч қарор дорад; ба тавре ки дар бист рӯзи аввали ошӯбҳо беш аз 20 чеҳраи таҷзияталаб ҷамъан 50 бор дар ин расона мусоҳиба карда буданд ; албатта Би Би Си  ҳам аз ғоилаи таҷзияталабиву ташвиқ ба иқдомоти хушунатталабонаву террористӣ дар Эрон ақиб намондааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Козими Ғарибободӣ-дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон бо баёни инки бо намояндагони ҳудуди 100 кишвар дар Нию-Йорк ба сурати ҷамъӣ ва фардӣ дидор карда аст, гуфт: Дар ин дидорҳо зимни равшангарии лозим ва ироаи ривояти саҳеҳ аз иғтишошот, ҳассосияти муносибе дар миёни кишварҳо дар бораи нақши мухарриби бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои форсизабони зиддиэронӣ дар иғтишошот эҷод шуд .
Ғарибободӣ афзуд, анҷоми садҳо мусоҳибаи Би Би Си форсӣ ва Саъӯдиинтирнашнол бо аъзои гуруҳҳои ҷудоталабу гурӯҳакҳои террористӣ ва ташвиқ ба хушунату ҷиноят дар дидор бо намояндагони ҳудуди 100 кишвар дар Нию-Йорк ба сурати мустанаду мустадал матраҳ шуд .
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон бо баёни инки нақши ин расонаҳои зиддиэронӣ камтар аз гуруҳҳои террористӣ ё аъзои ин гуруҳҳо нест, таъкид кард: Вазорати иттилооти Эрон шабакаи саъӯдии Интернашнолро ба унвони як расонаи террористӣ ва коркунони онро низ террорист эълом кард ; чунин сарнавиште дар интизори Би Би Си форсӣ низ қарор дорад .
Ғарибободӣ тасреҳ кард, ҳамчунин дар ин дидорҳо нақши ҳимоятии бархе кишварҳо аз иғтишошоту мавозиъи сиёсии бархе механизмҳои ҳуқуқи башарӣ монанди сукути онҳо дар баробари ҳодисаи террористии Шероз ба сурати мустанаду айнӣ матраҳ ва ба чолиш кашӣда шуд .
26 октябр дар ҳамлаи террористии ДИИШ ба Шоҳчароғ, ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмади ибни Мӯсо ( ъ ) ، дар шаҳри Шероз, маркази устони Форси Эрон 13 нафар аз ҷумла 2 кудак шаҳид ва 30 нафар аз зоирон захмӣ шуданд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп