Ноябр 17, 2022 17:04 Asia/Dushanbe
  • Сардор Саломӣ : Руъёи шайтонии душман барои таҷзияи Эрон таъбир нахоҳад шуд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард : Амрико дӯст дорад ҷавонони кишварро дар хиёбон куштаву чеҳраи мардумро пажмурда бибинад ва миллатро мутафарриқу Эронро таҷзия кунад ва ин руъёҳои шайтонии душман ҳаргиз таъбир намешавад, чаро ки миллати Эрон қавӣ ва муқовим истодааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор,сарлашкар Ҳусайни Саломӣ дар иҷлосияи ниҳоии кунграи миллии 6090 шаҳиди устони Қум гуфт : Амрико дӯст дорад хиёбонҳои шаҳрҳои Эронро дудолуд ва оташгирифта бибинад ва сафина ба осмон нафиристем ва мехоҳад ниёзманд, фақир ва фалаҷ бошем ва беморон ба дору дастрасӣ надошта бошанд .
Фармондеҳи кулли Сипоҳ афзуд : Занон аз ҳиҷобашон ба унвони сангарӣ барои ҳифзи арзишҳои волои худ ҳафозат ва сиёнат мекунанд ва ба нидои шайтон посух намедиҳанд .
Сардор Саломӣ ҳамчунин гуфт : Масирҳои ҷиҳодро омӯхтаем ва ба пеш хоҳем рафт ва нуфӯзи минтақаии Ҷумҳурии исломии Эрон боқӣ аст, қудрати дифои неруҳои мусаллаҳи афзӯда хоҳад шуд, иқтисоди худро шукӯфо карда ва муътақид ҳастем эронии озодаи мусулмон ҳатто ғайримусулмон ҳозир нест кишвар ба хотири мушкилоти иқтисодӣ осеб бибинад .
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон афзуд : Имрӯз дар остонаи табдил шудан ба як қудрати ҷаҳонӣ буда ва аз ҳеҷ чиз нигарон нестем .
Сардор Саломӣ таъкид кард : Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сафинаи наҷоти уммат дар талотуми амвоҷ аст ва бо имони осмонӣ ва ҳусайнӣ истодаасту миллат бо эшон байъат карда ва канораш истодааст .

 

Барчасп