Поёни ҷашнвораи мусиқии навоҳии Эрон бо иҷрои ҳунармандони Тоҷикистону Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i94296
Понздаҳумин ҷашнвораи мусиқии навоҳии Эрон бо иҷрои ҳунармандони Тоҷикистону Туркия дар толори Фахриддин Асъадии Гургон ба кори худ поён дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 19, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Поёни ҷашнвораи мусиқии навоҳии Эрон бо иҷрои ҳунармандони Тоҷикистону Туркия

Понздаҳумин ҷашнвораи мусиқии навоҳии Эрон бо иҷрои ҳунармандони Тоҷикистону Туркия дар толори Фахриддин Асъадии Гургон ба кори худ поён дод .

Ба гузориши Садои Хуросон, дар панҷумин ва охирин шаби баргузории ин ҷашнвора ҳафт гуруҳи мусиқӣ шомили панҷ гуруҳи эронӣ ва 2 гуруҳ аз Туркияву Тоҷикистон қатаъоту барномаҳоеро иҷро карданд .
Аҳмад Ҷамол Кайҳон ҳунарманди туркияӣ таронаҳои ирфониро бо сози боғломо иҷро кард, ки қатаъоту мақомҳои иҷрошуда тавассути ин ҳунарманд мавриди истиқболу ташвиқи ҳозирин дар толор қарор гирифт .
Давлат Назриев,Мухтори Муборакқадам, Хушбахт Ниёзов ва Шоҳида Ҳошимова- ҳунармандони тоҷикӣ низ қатаъоте дар понздаҳумини ҷашнвораи мусиқии навоҳии Эрон иҷро карданд .
Понздаҳумини давраи ҷашнвораи мусиқии навоҳии Эрон аз 14 ноябр ба муддати панҷ шаб иҷро шуд .
Дар ин ҷашнвора барои нахустин бор   навозандагону гуруҳҳое аз кишварҳои Афғонистон, Узбекистон, Туркия ва Тоҷикистон ҳузур доштанд .

Бештар бихонед :