Ноябр 20, 2022 17:36 Asia/Dushanbe
  • Содироти 250 тонн маводи ғизоии Эрон ба Ҷоми ҷаҳонии Қатар

Раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон, аз содироти рӯзона 250 тонн маводи ғизоии Эрон ба Ҷоми ҷаҳонии Қатар хабар дод.

Алиризо Паймонпок, раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт, дар айёми Ҷоми ҷаҳонӣ рӯзона 250 тонн маводи ғизоӣ ва кишоварзӣ ба Қатар содир мешавад, ки ин тавофуқ бо барномарезии Созмони тавсеаи тиҷорат ва баргузории намоишгоҳи як моҳи қабл дар Давҳа муяссар шудааст.

Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футболи 2022 Қатар, аз имрӯз (якшанбе 30 ноябр) бо дидори мизбон ва кишвари Эквадор оғоз мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Паймонпок дар хусӯси охирин иқдомоти ин созмон дар муровидоти тиҷорӣ бо Қатар дар остонаи Ҷоми ҷаҳонӣ ва истифода аз ин фурсат дар тавсеаи тиҷорати хориҷӣ гуфт, яке аз рӯйкардҳои аслии давлати сездаҳум тавсеаи тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя аст.

Вай ҳамчунин гуфт, тибқи тавофуқоти сармоягузорони қатарӣ бо ҳузур дар Эрон ва сармоягузорӣ ба тавлиди колоҳои мавриди ниёзи Қатар мепардозанд то ин колоҳо ба кишварашон содир шавад.

 

Барчасп