Ноябр 22, 2022 10:56 Asia/Dushanbe
  • Ибрози умедвории Раисӣ ба таҳкими муносиботи Теҳрон - Остона

Раиси Ҷумҳурии Эрон дар гуфтугу бо ҳамтои қазоқистонии худ гуфт : Равобити Теҳрон - Остона ҳамвора рӯ ба пешрафт будаву умедворам таъомулоту муносиботи ду кишвар беш аз пеш таҳким шавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидиброҳими Раисӣ-шомгоҳи душанбе дар гуфтугуи телефонӣ бо Қосимжомарт Тақоев- раиси ҷумҳурии Қазоқистон бо табрики интихоби дубораи ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва бо ишора ба тавофуқоти хуби ҳосилшуда дар дидорҳои гуногуни раисони ҷумҳӯри ду кишвар гуфт : Ҳаждаҳумин нишасти комиссиюни муштараки ҳамкориҳои Теҳрон - Остона дар ояндаи наздик баргузор хоҳад шуд, ки метавонад натоиҷи муфиду муассире дар ҷиҳати иҷрои тавофуқот ва афзоиши сатҳи равобити ду кишвар ба вижа дар арсаи иқтисодӣ дошта бошад .
Қосимжомарт Тақоев-раиси ҷумҳурии Қазоқистон низ дар ин муколамаи телефонӣ бо ташаккур аз ҳусни назари Раисӣ ба Қазоқистон таъкид кард : Эрон ҳамсояву дӯсти самимии Қазоқистон аст ва ду кишвар зарфиятҳову заминаҳои зиёде барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақаӣ доранд.
Раиси ҷумҳурии Қазоқистон тасреҳ кард : Ба мақомоти давлаташ дастур дода барои тақвияту таъмиқи равобити ду кишвар ба вижа дар заминаи иқтисодӣ ҳамкории ҳаддиаксариро дошта бошанд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп