Таҳлил; Қадрдонии Боку аз мавозеъи мушовири мақоми муаззами раҳбарӣ
(last modified Tue, 22 Nov 2022 12:41:19 GMT )
Ноябр 22, 2022 17:41 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил; Қадрдонии Боку аз мавозеъи мушовири мақоми муаззами раҳбарӣ

Ҳикмат Ҳоҷиев, дастёри раисиҷумҳури Озарбойҷон, аз мавозеъи ахири доктор Алиакбари Вилоятӣ, мушовири мақоми муаззами раҳбарӣ дар бораи равобити Теҳрон – Боку ва муштаракоти бешумори ду кишвари исломӣ ва ҳамсоя тамҷид, истиқбол ва қадрдонӣ кард.

Ҳикмат Ҳоҷиев, ки раёсати бахши сиёсати хориҷии ниҳоди раёсатҷумҳурии Озарбойҷонро низ ба ӯҳда дорад, гуфт:

«Боку суханони оқои Алиакбари Вилоятӣ дар бораи мироси таърихӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ ва синни муштараки мардуми Эрону Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дар кулли назароти эшон дар бораи равобити ду кишварро мусбат арзёбӣ ва аз он қадрдонӣ мекунад».

Ин сиёсатмадори озарӣ ҳамчунин эълом кард: «Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамвора алоқаманд ба густариши равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси эҳтирому эътимоди мутақобил буда ва ин муҳим ҳамчунон идома дорад».

Ин нахустин бор нест, ки мақомҳои давлати Илҳом Алиев пас аз талошҳои доманадор барои тахриби равобит бо Эрон ба манзури хушхидматӣ ба бегонагон, ба мавзӯи густариши равобит мутамарказ мешаванд ва худро алоқаманд ба оддисозии робита бо Эрон муаррифӣ мекунанд. Изҳороти Ҳикмат Ҳоҷиев дар ҳоле аст, ки расонаҳои таҳти идораи давлати Илҳом Алиев ҳамчунон ба Эронситезӣ ва динситезӣ идома медиҳанду талоши музоъафе ба кор гирифтаанд то дар таблиғоти расонаӣ, режими нажодпарасти Исроилро дӯсти мардуми мусулмон ва шиаи ҷумҳурии Озарбойҷон қаламдод кунанд. Дар айни ҳол, давлати Илҳом Алиев ба рағми имзои даҳҳо тавофуқномаи амниятӣ бо Эрон, режими нажодпарасти Исроилро ба ҳошияи марзҳои муштарак бо Эрон кашонда ва бахшҳои муҳимме аз арозии ҳаммарз бо Эрон дар хоки Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба режими саҳюнистӣ вогузор кардааст. Бадеҳист, ки ин иқдомоти давлати Илҳом Алиев бо ҳусни ҳамҷаворӣ ва ё дӯстии кишварҳои ҳамсоя мутобиқат надорад.

Ногуфта намонад, ки дар пайи бурузи бархе овозаҳо мабнӣ бар қасди Эрон барои ҳамла ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, Алиакбари Вилоятӣ дар ёддоште, бо ишораи тамоюли Эрон ба барқарории робитае матлӯб бо дигар кишварҳо, ба хусус кишварҳои ҳамсоя, таъкид кард: «Тамомии ақвоми эронӣ бо якдигар пайванд хӯрдаанд ва ҳар эронӣ як озарӣ, курд, лур, мозанӣ, гилонӣ ва исфаҳонӣ аст ва касе наметавонад ақвоми Эронзаминро ба ҷони якдигар биндозад».  Вилоятӣ ҳамчунин тасреҳ кард: «Эрон ҳеҷгоҳ чашми тамаъ ба кишварҳои ҳамсояи худ надорад»

Вай дар ёддошти худ навишт: «дар ҳафтаҳои ахир бархе аз рӯи ноогоҳӣ ва бархе аз рӯи ғаразварзӣ овоза карданд, ки Эрон мехоҳад бо ҷумҳурии Озарбойҷон баҷангад, ин ноҷавонмардонатарин тӯҳмат ба Эрон аст». Ин мавзеи Вилоятӣ ба маънои он аст, ки агар Эрон чашми тамаъ ба арозии Ҷумҳурии Озарбойҷон дошт!, Чаро дар соли 1991 истиқлоли ин кишварро ба расмият шинохтааст. Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлолу тамомияти арзии Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба расмият шинохтааст. Эрон дар тӯли се даҳаи гузашта низ илова бар ҳимоят аз истиқлолу тамомияти арзии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамвора дар ин замина аз ҳомиёни давлату мардуми мусулмони шимоли Арас будааст. Бо вуҷӯди ин, бархе аз сиёсатмадорони ноогоҳ дар Боку ва расонаҳои бархе аз кишварҳои муғриз дар минтақа, ҳамчунон ба таблиғоти дуруғин алайҳи равобити рӯ ба рушди Эрону Ҷумҳурии Озарбойҷон иқдом карда ва ба сампошӣ дар ин равобит машғуланд.

Дар ҳамин иртибот, ахиран сутуннависе дар рӯзномаи туркии “Daily Sabah” дар мақолае чунин овардааст: «Ҳадафи ҷадиди Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон аст. Зеро агар Ҷумҳурии Озарбойҷон қудратмандтар шавад, ин эҳтимол вуҷӯд дорад, ки озариҳои Эрон аз Теҳрон ба тарафи Боку чархиш кунанд».

Ин таблиғоти зиддиэронӣ дар расонаҳои вобаста ба давлати Анкара ва талоши мустақим ба манзури зарба задан ба равобити Теҳрону Боку қаламдод мешавад. Ин даста аз расонаҳо, мудом ба ин таблиғоти зиддиэронӣ дар расонаҳои минтақа идома медиҳанд ва бо интишори ин мақолот дар расонаҳои Боку, рӯҳи мардуми мусулмони шимоли Арасро ҷариҳадор мекунанд. Дар ҳамин замина, доктор Алиакбари Вилоятӣ дар мақолаи худ овардааст: «он ки ин мақолаи нодурустро навишта, ё фарде ғайри огоҳ аст ва саҳван чунин ҳарфи ғайри воқеиро мунташир карда ва ё огоҳ аст, аммо аз ҷое маъмур аст, ки чунин дуруғеро таблиғ кунад».

Ба ҳар ҳол, бо тамомии фарозу нашебҳои ҷорӣ дар равобити Теҳрону Боку, Эрон ҳамвора дасти дӯстӣ ба самти тамомии кишварҳои ҳамсоя бавижаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дароз мекунад ва қасд дорад то ба ин тариқ равобити худро бо кишварҳои ҳамсоя беш аз пеш таъмиқ бибахшад. Дар ҳоле, ки тардиде вуҷӯд надорад то замоне, ки бархе бегонагон бо навиштани як мақола имкони осеб ворид кардан ба равобити ду кишвари исломӣ дар шимол ва ҷануби Арасро дар ихтиёр дошта бошанд, густариши равобити Теҳрон ва Боку мудом бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад буд.