Эрон дар тавлиди дониши тибби суннатӣ рутбаи чаҳоруми дунёро дорад
(last modified Thu, 24 Nov 2022 08:00:33 GMT )
Ноябр 24, 2022 13:00 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар тавлиди дониши тибби суннатӣ рутбаи чаҳоруми дунёро дорад

Мудири кулли дафтари тибби эронӣ ва мукаммили Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тавлиди дониш дар ҳавзаи тибби суннатӣ, рутбаи чаҳоруми дунёро дорад.

Гиёҳони доруӣ ва тибби суннатӣ дар Эрон, собиқае таърихӣ ва шинохта шуда дар сатҳи ҷаҳонӣ дорад.

Нафиса Ҳусайнии Якто, мудири кулли дафтари тибби эронӣ ва мукаммили Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, аз соли 2000 то 2015 шоҳиди рушди 400 дарсадии раванди интишори мақолоти Эрон дар ҳавзаи тибби суннатӣ дар сатҳи ҷаҳон будем, ба наҳве, ки акнӯн Эрон рутбаи чаҳоруми илмии дунё пас аз Чин, Ҳинд ва Амрикоро дорад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайнии Якто бо ишора ба инки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи тибби суннатӣ ва мукаммил дорои марҷаъияти илмӣ дар ҷаҳон аст, афзуд: тибби суннатии эронӣ бар асоси манобеи навишторӣ ва интиқоли насл ба насл дар чорчӯби таърифи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ як мактаб аст, ки ин мактаб аз тарафи ин созмон низ ба расмият шинохта шудааст.