Декабр 10, 2016 17:37 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони ҳайати иқтисодии 590 нафарии Русия

Теҳрон ин ҳафта, мизбони нишасти се рӯзаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия ва ҳамоиши тиҷории дуҷониба бо ҳузури ҳайати 590 нафарии русӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, 13-умин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия, ки ин ҳафта дар Теҳрон баргузор мешавад, бесобиқатарин барномарезӣ барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар ба шумор меравад.

Ин нишаст, гоми муҳим дар масири иҷрои роҳбурдҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия барои густариши фарогири равобити дуҷониба аст.

Бар асоси барномаи эълом шуда, аъзои ҳайати Русия фардо вориди Эрон мешаванд ва вазири энержии Русия низ рӯзи душанбе ба Теҳрон сафар мекунад, ки афзӯн бар имзои асноди мавриди тавофуқ, дидорҳои дуҷонибае низ бо масъулони Эрон хоҳад дошт.

Дар ин дидорҳо санади сохт ва роҳандозии чаҳор воҳиди нерӯгоҳи ҳарорат дар шаҳри Бандар Аббос дар ҷануби Эрон бо сармоягузории як миллиарду 289 миллион евроии Русия ва низ аснод дар заминаи стандартсозӣ ва арзёбии колоҳои ду кишвар ва чанд санад дар ҳавзаҳои дигар миён мақомоти ду кишвар имзо хоҳад шуд.

 

Барчасп