Басиҷиёни саросари Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор мекунанд
(last modified Thu, 24 Nov 2022 12:39:34 GMT )
Ноябр 24, 2022 17:39 Asia/Dushanbe
  • Басиҷиёни саросари Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор мекунанд

Ба муносибати фаро расидани ҳафтаи Басиҷ, басиҷиёни саросари Эрони исломӣ бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор мекунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, басиҷиёни саросари Эрон рӯзи шанбе бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари инқилоби исломӣ дидор хоҳанд кард . Панҷ миллион нафар аз басиҷиёни саросари Эрон низ бо иртиботи мустақим ва ба сурати маҷозӣ дар ин барнома ҳузур хоҳанд дошт . Дидори басиҷиёни саросари Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба сурати зиндаву мустақим аз расонаи KHAMENEI . IR ва шабакаҳои Садову Симо пахш хоҳад шуд . Пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ ва қатъи дасти истикбори ҷаҳонӣ аз манофеи Эрон тавтеъаҳову фитнаҳои душманон зидди Эрон рӯз ба рӯз густариш ёфт . Дар чунин шароите ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар 26 ноябри 1979 ( панҷуми озари 1358 ) фармони ташкили Созмони басиҷи мустазъафонро содир карданд. Ҷавонони эронӣ ба маҳзи дарёфт фармони ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба шакли худҷӯш ба ҷабҳаҳои ҷанги таҳмилии Ироқ зидди Эрон шитофтанд ва дар тӯли ҳашт соли дифои муқаддас бо тақдими ҷони худ инқилоби исломии навпоро зинда нигоҳ доштанд .