Ноябр 25, 2022 19:36 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрону Беларус аз густариши муносиботи тиҷорӣ

Раиси утоқи бозаргонии Эрон ва раиси Утоқи бозаргониву санъати Беларус дидор ва аз густариши муносиботи тиҷорӣ истиқбол карданд.

Тафоҳумномаи ҳамкории утоқҳои бозаргонии Эрону Беларус дар нишасти фаъолони иқтисодии ду кишвар ба имзо расид.

Эрону Беларус дар солҳои ахир аз равобити хубе бархурдор будаанд, ки дар ҷаласоти муназзами сатҳи боло ва тавофуқоти мухталиф мунъакис шудааст.

Ғуломҳусайни Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонии Эрон дар нишасти муштарак бо Михаил Мятликов, раиси Утоқи бозаргонӣ ва санъати Беларус гуфт: Утоқҳои бозаргонии Эрону Беларус дар заминаи густариши муносибот масъулияти зиёде доранд ва агар тамҳидоте, ки дар музокироти миёни масъулини ду кишвар матраҳ шудааст, иҷроӣ шавад, дар замони кӯтоҳе метавон ҳаҷми мубодилотро афзоиш дод.

Шофеӣ афзуд, ташкили Кумитаи муштараки бозаргонӣ байни утоқҳои Эрону Беларус низ метавонад заминасози амнияти мавриди ниёз барои равобити тиҷории бахшҳои хусусии ду кишвар бошад.

Михаил Мятликов, раиси Утоқи бозаргонӣ ва санъати Беларус низ дар ин дидор бо ишора ба таҳримҳои Ғарб алайҳи ду кишвар гуфт, таҳрим маҳдудият нест, балки бо ҳамкории ду кишвар метавонад ба фурсате барои кишварҳои таҳти таҳрим бадал шавад.

 

Барчасп