Дидори тимҳои миллии футболи Эрону Амрико ; имшаб дар Қатар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i94786
Тимҳои миллии футболи Эрону Амрико шомгоҳи сешанбе дар идомаи рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 Қатар ба масофи ҳам мераванд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 29, 2022 10:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори тимҳои миллии футболи Эрону Амрико ; имшаб дар Қатар

Тимҳои миллии футболи Эрону Амрико шомгоҳи сешанбе дар идомаи рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 Қатар ба масофи ҳам мераванд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тимҳои миллии футболи Эрону Амрико соъати 22 : 30 дақиқа ба вақти Теҳрон дар чорчӯби ҳафтаи сеюми даври гуруҳии рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар гуруҳи дувум дар стадиони Алсамома ба масофи ҳам мераванд .
Тими миллии футболи Эрон бо як бурд баробари Уэлс ва як бохт баробари Англия ба масофи Амрикое меравад, ки дар баробари ин ду тим ба тасовӣ расидааст .
Дар ин гуруҳ Эрон бо 3 имтиёз баъд аз Англия 4 имтиёзӣ аз шанси болое барои роҳёбӣ ба марҳалаи баъдӣ бархурдор аст. Амрико низ бо 2 имтиёз дар радаи сеюм ва Уэлси 1 имтиёзӣ ҳам дар қаъри ҷадвали гуруҳи дувум қарор дорад.
Гуфтанӣ аст дар ҷоми ҷаҳонии 1998 Фаронса низ Эрону Амрико ба масофи якдигар рафтанд, ки бо пирӯзии 2 бар 1 Эрон ҳамроҳ шуд.

Бештар бихонед :