Ноябр 29, 2022 11:41 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи давлати Эрон : Олмон жести дифо аз ҳуқуқи башар мегирад

Сухангӯи давлати Эрон гуфт : Бозиҳои сиёсӣ давлати Олмонро аз ҷароиме, ки зидди мардуми Эрон анҷом дод, мубарро нахоҳад кард .

Алии Баҳодурии Ҷаҳрумӣ-сухангӯи давлати Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт :

Давлате ки рӯзе дар куштори кимиёии мардуми Эрон ва занону ва кӯдакони курд бо Саддом, диктатори Ироқ ҳамдаст шуд ва рӯзи дигар бо таҳримҳои ғайриқонӯнӣ зидди миллати Эрон ҳамроҳӣ кард, имрӯз бо аҳдофи сиёсӣ жести дифо аз ҳуқуқи башар мегирад. "
Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид ба коргардонии Олмон панҷ шанбе  28 ноябр қатъномаи зиддиэронӣ дар бора ончӣ " вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон " хонда шудаастро тасвиб кард .

Тасвиби ин қатънома ба маънои мувофиқати Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид бо эҷоди як " ҳайати ҳақиқатёб " дар бораи иддаоҳо дар хусӯси " нақзи ҳуқуқи башар тавассути Эрон " дар иғтишошоти ахир аст .
Бурузи иғтишошоти ахир дар бархе аз шаҳрҳои Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ бори дигар мӯҷиб шуд, то душманони хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон аз он ба унвони фурсате барои мудохила дар умӯри дохилии Эрон ва низ таҳрики ҳар чи бештари ошӯбҳо истифода кунанд .
Дар иғтишошоти ахир сарони сиёсии Амрико ва баъзан Аврупо, расонаҳои онон ва низ расонаҳои форсии муониди мавриди ҳимояти Ғарб аз як рухдоди ғамангез сӯистифода карданд ва бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Эрон дар ҳимоят аз иғтишошгарону барҳамзанандагони амнияти миллат санги тамом гузоштанд ; дар ҳамин ҳол ، миллионҳо нафар аз миллати Эрон дар хиёбонҳову маёдини кишвар дар ҳимоят аз низому кишварашон ва мухолифати қотеъ бо ошӯбу иғтишош ҳузур ёфтанд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп