Оғози ҳаракати пурсуръату пуршитоб ба самти тавсеаи нерӯгоҳҳои атомӣ
(last modified Sat, 03 Dec 2022 11:20:14 GMT )
Декабр 03, 2022 16:20 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳаракати пурсуръату пуршитоб ба самти тавсеаи нерӯгоҳҳои атомӣ

Раиси созмони энержии атомии Эрон бо баёни инки ҳаракати пурсуръату пуршитоб ба самти тавсеаи нерӯгоҳҳои атомӣ оғоз шудааст, гуфт : Саҳми энержии ҳастаӣ дар сабади барқи кишвар бояд ба 20 дарсад бирасад .

Фанноварии ҳастаӣ яке аз фанновариҳои меҳварӣ ва поя аст, ки саҳми бузурге дар густариши фанновариҳои нав ва пешрафти саноеъи навин дорад .
Ҷумҳурии исломии Эрон низ бо иттико ба тавонмандии мутахассисони бумӣ ба истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ рӯй оварда ва бо ҳусни ният собит кардааст, ки ҳадафе ҷуз истифодаи сулҳомезу санъатӣ аз ин энержӣ надорад .
Имрӯзи шанбе низ амалиёти сохти нерӯгоҳи 300 мегаваттии " Корун " бо ҳузури Муҳаммади Исломӣ-раиси созмони энержии атомии Эрон дар шаҳри Дорхвуени устони Хузистон оғоз шуд.
Нерӯгоҳи атомии « Корун » аз навъи оби сабуки таҳти фишор ( PWR ) бо зарфияти тавлиди барқи 300 мегаватт дар замине ба масоҳати тақрибии 50 гектор дар муҷовират руди Корун ва наздики шаҳри Дорхвуен сохта хоҳад шуд .
Дар ҳамин росто Муҳаммади Исломӣ-раиси Созмони энержии атомии Эрон дар ҳошияи оғози амалиёти сохти ин нерӯгоҳи атомӣ бо баршумурдани аҳамияти тавлиди барқ аз фанноварии ҳастаӣ тасреҳ кард : Давлат дар ҳоли ҳаракат ба самти тавлиди энержӣ ва сӯхти арзон аст ба ҳамин манзур тавсеаи нерӯгоҳҳои атомӣ дар дастури кори ин созмон қарор дорад .Ин кори муҳим гоми бузурге дар уфуқи 20 солаи ин созмон маҳсуб мешавад .
Исломӣ аз тавсеаи корбурди партавҳо дар сатҳи кишвар ба унвони яке дигар аз аҳдофу сарфаслҳои муҳими мавриди тавваҷуҳ дар Созмони энержии атомии Эрон унвон кард ва идома дод : Бар густариши корбурди партавҳо дар конунҳову марокизи аслии тавлиду тавзиъи маҳсулот мутамарказ хоҳем шуд .