Декабр 04, 2022 21:14 Asia/Dushanbe
  • Пайвастшавии шиноварҳои пешрафта ба новгони дарёии марзбонии Эрон

Фармондеҳи марзбонии Фароҷо, аз илҳоқи шиноварҳои пешрафта ба новгони дарёии марзбонии Эрон хабар дод.

Нерӯҳои марзбонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар таъмини амнияти марзҳои кишвар дар солҳои ахир бо муваффақият амал кардаанд.

Генерал Аҳмадалӣ Гӯдарзӣ, фармондеҳи марзбонии Фароҷо гуфт, шиноварҳои пешрафта ва паҳпод ба маҷмӯаи марзбонӣ афзӯда мешавад.

Вай афзуд, бо ҳимояти Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳу вазорати дифо ва пуштибонӣ шиноварҳои пешрафта ба маҷмуаи марзбонӣ афзӯда мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, фармондеҳи марзбонии Фароҷо ҳамчунин гуфт, имрӯз сарбозони вилоят дар марзбонӣ бо рӯҳияи ҷиҳодӣ ва инқилобӣ ва бо тамоми тавон барои амнияти марзҳо ва муборизаи ҷиддӣ бо қочоқҳои созмонёфта ва мубориза бо терроризм талош хоҳанд кард.

Генерал Гӯдарзӣ таъкид кард, истифода аз паҳпод дар ростои поиши марзҳо метавонад дар иртиқои тавони амалиётӣ ва маъмуриятӣ ва салобати марзбонӣ муассир бошад, ки дар ин замина иқдомоте дар ҳоли анҷом аст.

 

Барчасп