Декабр 06, 2022 21:36 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар шинохти дақиқи заъфҳои фарҳангӣ
    Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар шинохти дақиқи заъфҳои фарҳангӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд: Шурои олии инқилоби фарҳангӣ бояд бо расад ва шинохти дақиқ заъфҳо ва гузоришҳои ғалати фарҳангӣ дар арсаҳои мухталиф роҳиҳалҳои олимонаи барои ривоҷи гузоришҳои саҳиҳ ва пешбаранда ироа кунад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рузи сешанбе дар дидор бо аъзои шурои олии инқилоби фарҳангӣ, ҳидояти фарҳанги кишварро шаън ва нақши аслии ин шуро хонданд ва бар бозсозии инқилобии сохтори фарҳангии кишвар таъкид карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки шеваи ҳидояти фарҳангии дастгоҳои расми бо ҳидояти фарҳангии ташакулҳои мардуми мутафовит аст, гуфтанд: Шурои олии инқилоби фарҳангӣ метавонад бо ҳидояти саҳеҳ ҳазорон ташакули мардуми, ки дар корҳои фарҳангии мутанавеъ ва густардае фаъолият доранд заминасози шаклгирии ҳаракати умумӣ дар мақулаҳои фаҳангӣ шавад.

Эшон бо ишора ба фарҳанги мо наметавонем ба унвони яке аз гузораҳои ғалати ҳоким бар ҷомеъаи қабл аз инқилоби исломӣ гуфтанд: Инқилоби исломӣ бо созандагоӣ ва ҳаракатҳои халоқона ин зеҳниятро ба тадриҷ тағир дод, ки натиҷаи он анҷоми корҳои бузугр ҳамчун сохти садҳо, неругоҳҳо, бузург роҳҳо, таҷҳизоти саноати нефт ва газ ва бисёри аз зерсохтҳо тавассути мутахассисони ҷавони эронӣ буд.

Эшон фармуданд: Метавон ба кумаки пояҳои фикрии инқилоб ва ҷавонони фаъол, фарҳанг ва руҳияи инқилобиро бори дигар таҷдид кард ва як ҳаракати бузурги фарҳангӣ ба вуҷуд овард.

 

Барчасп