Декабр 07, 2022 18:36 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Ҷанги ҷаҳонии киберӣ алайҳи Эрон

Ҳимояти комили блоки Ғарб ба саркардагии Амрико ва шарикони минтақаии он аз авомили ошӯбгар ва низ анвоъи гурӯҳакҳои террорист ва таҷзияталаб, ки дар ошӯбҳоу иғтишошоти ахир дар Эрон ба наҳви мустақӣм мудохила доранд , дар чорчӯби ҷанги таркибии ғарбу муттаҳидони он алайҳи Эрони исломӣ сӯрат мегирад.

Дар ин ҷанги таркибӣ ғарбиҳо аз ҳамаи авомилу муаллафаҳои қудрат, аз ҷумла тавонмандии киберӣ истифода карда ва ҷанги киберии густардаеро алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ андохтаанд.

Сардор Ғуломризо Ҷалолӣ, раиси Созмони падофанди ғайриомили Эрон мегӯяд: Эрон дар шароити мавҷӯд, даргири ду даста таҳдид аст, ки яке таҳдидҳои киберии таркибии душману дигаре таҳдидоти ҷанги шинохтӣ дар иғтишошот аст, ки бо он мувоҷеҳ ҳастем.

Амрико ва шарикони он монанди режими саҳюнистӣ масъули бисёре аз ҳамалоти киберӣ дар ҷаҳон ҳастанд. Амрикоиҳо ҳаргоҳ худ иқдом ба ҳамлаи киберӣ алайҳи дигар кишварҳо кунанд, онро муваҷҷаҳу машрӯъ қаламдод мекунанд, дар ҳоле, ки иқдоми мушобеҳ аз сӯи дигар кишварҳои рақибро барнаметобанд.

Дар воқеъ таҳдидоту ҷанги киберии Ғарб алайҳи Эрон масбуқ ба собиқа аст, ки намунаи маърӯфи он ҳамла бо бадафзори «Stuxnet» алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон тавассути Амрико ва режими саҳюнистӣ дар соли 2010 буд. Аммо дар бурҳаи кунӯнӣ муҷрии ин таҳоҷуми киберӣ гуруҳҳои ҳакерии мухталифе ҳастанд, ки бо иддаои ҳимоят аз ошӯбҳо дар Эрону эҷоди харобкорӣ дар ниҳодҳои умумӣ ва давлатӣ ва низ расонаҳо ва хабаргузориҳо ва низ сирқати иттилоот ва аз байн бурдани Data centers(марказҳои иттилоот) токунӯн ҳамалоти киберии мутааддидеро сӯрат додаанд. Усулан ҳамалоти киберӣ, аз ҷумла ҳамалоти ҳакерии бештар бо ҳадафи дастёбӣ ба иттилооти ҳассос, харобкорӣ дар таъсисот, дастёбӣ ба аснод, аз кор андохтани муассисот ва ниҳодҳо сӯрат мегирад.

Намунаи ахири ин ҷанги киберӣ алайҳи Эрон, ҳамлаи гурӯҳии ҳакерии мавсӯм ба «Black Reward» ба хабаргузории Форс буд, ки дақиқан бо ҳадафи нобуд кардани “database”-и он ва низ дастрасӣ ба иттилооти мухталиф сӯрат гирифт. Ҳар чанд ин гуруҳи ҳакерӣ иддао мекунад, ки ин корро дар ростои ҳимоят аз иғтишошгарон сӯрат дода, аммо бо таваҷҷуҳ ба густардагии он ва низ тарафҳои хориҷӣ монанди Вашингтон ва Тел Авив, ки аз ин иқдом сӯд мебаранд вобастагии он ба дастгоҳҳои иттилоотӣ ҷв ҷосӯсии ғарбӣ муҳраз ба назар мерасад. Ҳамчунин гурӯҳи ҳакерии дигаре мавсӯм ба «Anonymous» низ ҳамалоти киберии зиёдеро алайҳи Эрон пас аз бурузи ошӯбҳои ахир сӯрат дода, ки ин иқдомоти мухарриб низ дақиқан дар ростои ҳадафи куллии Амрико ва режими саҳюнистӣ мабнӣ бар тазъифи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва эҷоди ихтилол дар умӯри рӯзмарраи зиндагии мардуму эҷоди норизоятӣ сӯрат гирифтааст. Аз ҷумлаи иқдомоти ин гуруҳи ҳакерӣ, иддаои аз кор андохтани 407 дурбини назоратӣ дар Теҳрон дар авосити октябри 2022 бо иддаои ҳимоят аз иғтишошот дар Эрон буд. Ин гуруҳи ҳакерӣ аз оғози эътирозоти кунӯнӣ дар Эрон ҳамалоти киберии густардаеро алайҳи вебсайтҳои давлатӣ тартиб дода ва аз ҷумла вебсойтҳои вазоратхонаҳои нафт, иқтисод ва дороӣ, фарҳангу иршоди исломиро ҳак кардааст. Бад-ин тартиб ба назар мерасад, ки Ғарб дар чорчӯби ҷанги таркибии худ ҳисоби вижае барои ҷанги киберӣ алайҳи Эрон боз кардааст.

Бо ин ҳол, Эрон тавониста дар бисёре маворид бо ҳамалоти киберии душман, ки дар шаклҳои мухталиф сӯрат мегирад муқобила намояд.

Сардор Ҷалолӣ, раиси падофанди ғайри омили Эрон дар 5 обон ( 27 октябр) бо баёни инки аз ибтидои иғтишошот ҳамалоти киберӣ дар ҳавзаҳои мухталифро хунсосозӣ ва муқобила кардем  гуфт: Дар 40 рӯзи гузашта мо бе собиқатарин ҳамалоти киберӣ алайҳи кишварро шоҳид будем ва душман аз ҳамаи зарфиятҳои худ истифода кард ва ҳар коре кард то барои кишвар мушкили ҷиддӣ эҷод кунад, аммо ба ҳадаф нарасид.

 

Барчасп