Дидори тоҷирони эронӣ ва тоҷик дар Машҳад
Конфаронси фурсатҳои равобити тиҷории Тоҷикистону Эрон ва сармоягузорӣ дар тиҷорат дар таърихи 21 декабр дар Машҳад баргузор мешавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ховар,Ҳайдар Раҷабов, муовини аввали утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт : Гуруҳе қаблан аз ҷониби Тоҷикистони эҷод шудааст, ки раёсати онро Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноеъи вилояти Суғд бар ӯҳда дорад.
Сафари гуруҳи Тоҷикистони рӯзҳои 17 то 21 декабр баргузор хоҳад шуд.
Вай афзуд : Дар 17 декабр нишаст ( тиҷорат ба тиҷорат ) байни ду тараф дар заминаи сармоягузорӣ ва фурсатҳои тиҷорӣ дар Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад .
Дар ин сафар бозаргонони Тоҷикистон аз теъдодӣ аз корхонаҳои тахассусии устони Хуросони разавӣ ва Исфаҳон боздид ва табодули таҷрибиёт мекунанд.
Дар 21 декабр дар ҳошияи ин конфронс намоиши колоҳо ва маҳсӯлоти ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он тавлидоти ширкатҳое аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф ба намоиш дароварда мешавад .