Осебдидагии муҳоҷими миллипуши тоҷикистонии тими футболи Санъати Нафти Эрон
(last modified Sun, 11 Dec 2022 14:34:07 GMT )
Декабр 11, 2022 19:34 Asia/Dushanbe
  • Осебдидагии муҳоҷими миллипуши тоҷикистонии тими футболи Санъати Нафти Эрон

Ҷароҳати ҳамлагари тоҷики дастаи "Санати Нафти Ободон" ба порагии салибӣ машкук мебошад.

Ба гузориши ИЛНА, Шериддин Бобоев, муҳоҷими тоҷисктонии Санъати Нафт ба далели масдӯмият ҳини тамринот бо мушкил рӯбарӯ шуд. Ин бозикун дар тамрини таърихи 7 декабр масдӯм шуд.

Баррасиҳо ҳокӣ аз он аст, ки дағдаға перомуни вазъияти ин бозикун зиёд аст ва ҳатто атрофиёни тим нигаронанд, ки ӯ бо масдумияти работ(пораги)-и салибӣ ҳамроҳ шуда бошад.

Бо ин ҳол то посухи MRI –и вай мушаххас нашавад, наметавон дар ин бора назари қатъӣ дод, аммо ин бозикун бо интишори тасвираш ба ҳамроҳи асо дар ҷумлае хитоб ба Худованд навишта буд: «таҳаммули чизе, ки беш аз тавони мо аст, барои мо нафарист.»