Ройзании телефонии вузарои умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҳинд
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо ҳамтои ҳиндии худ бар лузӯми пайгирии тавофуқоти дуҷониба ба манзури тавсеаи беш аз пеши равобити Теҳрону Деҳлии нав таъкид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон ва Субраманиам Ҷайшанкар-вазири умури хориҷаи Ҳинд дар як гуфтугӯи телефонӣ ба табодули назар дар хусӯси бархе масоили минтақаӣ ва байналмиллалии мавриди иҳтимоми муштарак ва ҳамчунин мавзӯъоти дар дастури кори равобити дуҷониба пардохтанд .
Вузарои умӯри хориҷаи ду кишвар бар зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф таъкид карданд .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон бар лузӯми пайгирии тавофуқоти дуҷониба ба манзури тавсеаи беш аз пеши равобити Теҳрону Деҳлии нав таъкид кард .
Вазири умӯри хориҷаи Ҳинд низ бо ишора ба сатҳи хуби равобиту ҳамкориҳои байни ду кишвар дидгоҳҳои худро дар хусӯси ҳамкориҳои дуҷонибаву байни алмилалии Теҳрону Деҳлии нав баён кард .
Бештар бихонед :