Оятуллоҳ Хотамӣ: Ҷазоири сегона ҷузъи ҷудоинопазиру абадии Эрон аст
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфn: “Ҷазоири сегона ҷузъи лоянфаку абадии Эрони исломӣ аст. Мо дар бораи тамомияти арзиамон бо ҳеч кас рӯдарбоистӣ (мулоҳиза) надорем ва қотеъ бархӯрд мекунем”.
Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо ишора ба сафари ахири раиси ҷумҳурии Чин ба Арабистон ва изҳороти нодуруст дар хусуси ҷазоири сегонаи Эрон афзуд: “Мутолибаи ҷиддии Эрон ҷуброни мавозеи ёдшуда аз сӯи раиси ҷумҳурии Чин аст: Мо дар арсаи тамомияти арзии Эрон бо ҳеч кас рӯдарбоистӣ (мулоҳиза) надорем ва қотеъ бархӯрд мекунем”.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар идома бо ишора ба талошҳои Амрико барои лағви узвияти Эрон дар Комиссияи мақоми зани Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Ин ҳам яке дигар аз парвандаҳои сиёҳи Амрикост, рози нафрати мардум маҷмӯае аз ин гуна иқдомоти Амрико аст.
Оятуллоҳ Хотамӣ афзуд: “Эрони исломӣ бештарин баҳоро ба зан додааст, озодии воқеӣ ин ҷо ва дар низоми исломӣ аст, он чизе ки Амрико шуморо ба он таҳрик мекунад, бардагӣ аст. Амрико зани бардаи беҳувиятро мехоҳад, танҳо дар низоми исломӣ зиндагии бонувон зиндагии шарафманди инсонӣ аст, шиори онҳо фиребанда ва хеле равшан аст, ки онҳо озодии ҳарзагиро мехоҳанд”.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин ба парвандаи сиёҳи Иттиҳоди Аврупо ишора карду гуфт: Иттиҳоди Аврупо ҳаддиақал тайи як даҳаи ахир айни мустаъмираи Амрико амал кардааст ва ҳарчӣ Амрико бигӯяд, амал мекунанд. Касоне, ки аз режими саҳюнистии бачакушу занкуш мудом ҳимоят мекунанд, дар хати муқаддами ноқизони ҳуқуқ башар ҳастанд.