Декабр 18, 2022 13:55 Asia/Dushanbe
  • Инҳисори тавлиди ваксинаи истиншоқии корона барои Эрон
    Инҳисори тавлиди ваксинаи истиншоқии корона барои Эрон

Нашрияи амрикоӣ " Politico" дар бораи пешрафтҳои Эрон дар тавлиди ваксинаҳои истиншоқи ва ақиб уфтодани Амрико аз ин ҳавза ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нашрияи амрикоӣ " Politico" дар матлаби бо таъкид бар ончи пештозии кишварҳои рақиб бо Амрико номид дар хусси пешрафтҳои Эрон дар тавлиди ваксинаҳои истиншоқи ва ақибуфтодани Амрико аз ин ҳавза ҳушдор дод ва онро таҳдиди билқува барои амнияти зистии Амрико донист.

"Politico" ки нашрияи муътабари амрикоӣ аст ва маъмулан ба мабоҳиси амнияти байналмилали аз нигоҳи Амрико мепардозад ахиран дар мақолае ба унвони " Without a nasal vaccine, the U.S. edge in fighting Covid is on the line" ба баёни нақш ва асарбахшии ваксинаҳои истиншоқи дар кантрол ва қатъи занҷираи интиқоли Ковид-19 пардохта аст.

Дар ин мақола омада аст, ки танҳо кишварҳои Эрон, Чин ва Русия тавонистанд дар заминаи тавлиди ваксинаҳои истиншоқи ба мувафақиятҳои қобили таваҷҷуҳи даст ёбанд ва дар ин байн Эрон ба унвони аввалин кишвари тавлидкунандаи ваксинаи истиншоқии корона маҳдудияти тавлиди ин ваксинаро дар даст дорад.

Ба гузориши ИРНА, ваксинаи Рози Кувупорс нахустин ваксинаи тазриқи-истиншоқи пурутоинии навтаркиби корона аст, ки соли гузашта дар муассисаи таҳқиқоти ваксина ва серумсозии Рози рунамои шуд.

Ин ваксина ба унвони аввалин ваксинаи тазриқи-истиншоқии пурутоини навтаркиби Ковид-19 тавассути муассисаи таҳқиқоти ваксина ва серумсозии Рози ва мутобиқ бо дастуруламалҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавлид шуд.

 

Барчасп