Вокуниши сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба иддаоҳои раис Созмони ҷосусии Амрико
(last modified Mon, 19 Dec 2022 06:25:10 GMT )
Декабр 19, 2022 11:25 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба иддаоҳои раис Созмони ҷосусии Амрико
    Вокуниши сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба иддаоҳои раис Созмони ҷосусии Амрико

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаоҳои раиси Созмони ҷосусии Амрико дар иртибот бо ҳамкориҳои Эрон ва Русия ва низ иттиҳомоти ӯ зиддӣ Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар иртибот бо ҷанги Украинаро беасос ва бахше аз ҷанги таблиғии Амрико зиддӣ Эрон тавсиф кард.

Ба гузори Садои Хуросон ба нақл аз  Идораи кулли иттилоот расонӣ ва умури сухангӯи Вазорати умури хориҷа. Носир Канъони Чофӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзӯд: Мақомоти амрикоӣ дар тадоввуми иддаоҳои сиёсии беасос ва иқдомоти ғайри қонунии худ зиддӣ Ҷумҳӯрии Исломии  Эрон, ҳамкориҳои мутаорифи дифоъӣ ва низомии Эрон ва Русияро зери савол мебарад! Канъонӣ гуфт, корзори таблиғотии амрикоиҳо, ки мабнои он бар дурӯғпардози ва фаребкори қарор гирифтааст, бо аҳдофи мухталифе аз ҷумла эъмоли фишори сиёсӣ ба Эрон, доман задан ба Эронҳаросӣ ва сарпуш ниҳодан бар ҷангталабии худ сурат мегирад. Сухангӯи дастгоҳи дипламатии Эрон афзӯд, ҳамонгуна, ки борҳо эълом шуд, ҳамкориҳои Эрон ва Русия дар заминаҳоии мухталиф аз ҷумла ҳамкориҳои дифоъӣ, дар чорчӯби манофеъ ва масолеҳи муштарак ва  мутобиқ ба ҳуқуқ ва таъаҳудоти байналмиллалии дукишвар дар ҳоли густариш аст ва зиддӣ ҳеч кишвари солисе нест. Канъонӣ таъкид кард, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон мунтабиқ бо манофеъи миллии худ ва зимни риояти қавонин ва муқарароти байналмиллалӣ, дар танзими равобити хориҷии худ мустақилона амал карда ва аз касе иҷоза намегирад.

Бештар бихонед: