Амирабдуллоҳиён: Баргузории муваффақи Ҷоми ҷаҳонӣ мояи ифтихори кишварҳои исломӣ аст
(last modified Mon, 19 Dec 2022 15:17:11 GMT )
Декабр 19, 2022 20:17 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Баргузории муваффақи Ҷоми ҷаҳонӣ мояи ифтихори кишварҳои исломӣ аст

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори муовини вазири хориҷаи Қатар дар умури минтақаӣ, баргузории муваффақиятомези бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар ин кишварро мояи ифтихори кишварҳои исломӣ баршумурд.

Ҷоми ҷаҳонии футболи 2022, 21-умин ноябр дар Қатар оғоз шуду дирӯз (19 декабр) бо қаҳрамонии Аргентина поён ёфт.

Ҷоми ҷаҳонии футбол, пурбинандатарин рухдоди варзишӣ дар дунё аст ва ҳар чаҳор сол якбор барои мушаххас шудани қаҳрамони футболи ҷаҳон баргузор мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон имрӯз душанбе дар ҳошияи нишасти сеюми маҷмааи гуфтугӯи Теҳрон дар дидори Муҳаммад бин Абдулазиз Ал Халифӣ, муовини вазири хориҷаи Қатар дар умӯри минтақаӣ, Рӯзи миллии ин кишварро низ табрик гуфт.

Вазири умури хориҷаи Эрон ва муовини вазири хориҷаи Қатар дар умӯри минтақаӣ ҳамчунин дар ин дидор дар бораи масоили мавриди алоқаи муштарак ва охирин вазъияти гуфтугӯҳо барои рафъи таҳримҳо табодули назар ва бар азму иродаи ду кишвар ба манзури рушду тавсеаи равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.