Вазорати умури хориҷа: Қатъномаи ожонс алайҳи Эрон ғайриқонунӣ ва номуваҷҷаҳ аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123020-Вазорати_умури_хориҷа_Қатъномаи_ожонс_алайҳи_Эрон_ғайриқонунӣ_ва_номуваҷҷаҳ_аст
Порс-Тудей. Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон қатъномаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ роҷеъ ба барномаи ҳастаии сулҳомези Эронро, ки бо эъмоли фишори Амрико, Олмон, Фаронса ва Англия бар кишварҳои узви ин ниҳод ба тасвиб расид, ғайриқонунӣ ва номуваҷҷаҳ донист.
(last modified 2025-11-21T06:02:40+00:00 )
Ноябр 21, 2025 11:01 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷа: Қатъномаи ожонс алайҳи Эрон ғайриқонунӣ ва номуваҷҷаҳ аст
    Вазорати умури хориҷа: Қатъномаи ожонс алайҳи Эрон ғайриқонунӣ ва номуваҷҷаҳ аст

Порс-Тудей. Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон қатъномаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ роҷеъ ба барномаи ҳастаии сулҳомези Эронро, ки бо эъмоли фишори Амрико, Олмон, Фаронса ва Англия бар кишварҳои узви ин ниҳод ба тасвиб расид, ғайриқонунӣ ва номуваҷҷаҳ донист.

Вазорати умури хориҷаи Эрон бомдоди ҷумъа дар баёнияе эълом кард, ки иқдоми се кишвари аврупоӣ ва Амрико дар тарроҳӣ ва таҳмили ин мусавваба бар Шӯрои ҳуккоми ожонс, нишонаи равшани дигаре аз рӯйкарди ғайримасъулонаи онҳо ва исрорашон бар истифодаи абзорӣ аз ожонс ҷиҳати эъмоли фишор бар Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад. Дар идомаи ин баёния омадааст, ки ин қатънома, ки бо баҳрабардорӣ аз бартарии ададии гуруҳи Ғарбу ҳомиёни он дар Шӯрои ҳукком ва бидуни ҳамроҳии наздик ба ниме аз кишварҳои узви Шӯрои ҳукком, аз ҷумла бо мухолифати ду узви доими Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба тасвиб расид, мабонии бунёдини Муоҳидаи манъи густариш, ки мутазаммини эҳтиром ба ҳаққи ҷудоинопазири кишварҳои узви ин муоҳида барои истифода аз энержии ҳастаӣ ҷиҳати мақосиди сулҳомез астро нақз кардаву мутолиботи ғайриқонунии мундариҷ дар қатъномаҳои мансухшудаи Шӯрои Амният мабнӣ бар таълиқи ғанисозиро бозгӯ мекунад.

Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар мавзеи усулии худ дар радди таслеҳоти атомӣ ва дигар силоҳҳои куштори ҷамъӣ, тавваҷуҳи Шӯрои ҳуккоми ожонс ва шахси мудири кулро ба бузургтарин таҳдиди мавҷуд алайҳи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ, яъне режими наслкуши саҳюнистӣ ҷалб мекунад.