Декабр 20, 2022 10:23 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди сафири Эрон дар Созмони Миллал аз сиёсатҳои давлати Амрико

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид бо интиқод аз сиёсатҳои якҷонбагароёнаи Амрико гуфт: Фишор, тарсондан ва рӯёрӯӣ роҳи ҳал нест ва ба ҷое намерасад.

Ба гузориши Садои Хуросон , Амирсаид Еревонӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи душанбе дар нишасти давраӣ ва оддии Шӯрои Амният дар бораи иҷрои қатъномаи 2231 ва Барҷом афзуд: Барҷом фақат бо пардохтан ба решаҳои аслии вазъияти феълии он, яъне хурӯҷи Амрико аз тавофуқ дар таърихи 8 маи 2018, қобили бозгашт ва эҳё аст.

 Дипломати аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Имрӯз ҳамон тавр, ки интизор мерафт, аъзои Шӯрои Амният бори дигар ҳимояти худро аз эҳёи Барҷом иброз карданд ва иҷрои комили онро ба унвони танҳо иқдоми амалӣ хостор шуданд ва бадеҳӣ аст, ки фишор, тарсондан ва рӯёрӯӣ роҳи ҳал нест ва ба ҷое намерасад.

 Еревони бо баён инки Эрон омодаи азсаргирии музокирот аст ва барои дастёбӣ ба як роҳи ҳали қобили қабул ҳамкорӣ хоҳад кард, тасреҳ кард: Дар сурате Барҷом қобили дастёбӣ аст, ки Амрико иродаи сиёсии воқеӣ нишон диҳад ва омодаи кор дар ҷиҳати роҳи ҳали ризоятбахш бошад ва мувофиқат кунад, ки ба таври комил ба тааҳҳудоти худ амал мекунад.

 Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчунин дар бахше дигаре аз суханонаш дар бораи иттиҳомоти Амрико зидди Эрон мабни бар нақзи қатъомаи 2231 гуфт: Ҳар гуна ёфта ё арзёбии эҳтимолӣ, ғайриқонунӣ ва беасар аст ва барномаҳои фазоӣ ва мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон хориҷ аз ҳавза ё салоҳияти қатънома 2231 аст.

 

Барчасп