Декабр 20, 2022 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эрон бо мардуми Афғонистон дар паи ҳодисаи нақби Соланг

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси ҳодисаи талхи нақби Солнг бо мардуми Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон шомгоҳи душанбе зимни тасалият ба хонаводаҳои доғдида, аз Худованд барои даргузаштагон раҳмату мағфират ва барои маҷрӯҳони ҳодиса шифои оҷил масъалат кард.

 Рӯзи шанбе як танкер сӯхт дар нақби Соланги Афғонистон дучори сухтор шуд, ки бар асари он то кунун 63 нафар ҷон бохтаанд.

 

Барчасп