тасовир : Сӯзандузии Туркман; ҳунари эронӣ дар миқёси ҷаҳонӣ
Сӯзандузӣ ба сабки туркманӣ, ҳунари корбурдӣ, тазъинӣ ва зеҳнӣ аст.
Ҳунари сӯзандузӣ ба дасти ҳунармандон бар рӯйи порчаҳои абрешимӣ ё пашмӣ бо нахҳои табии абрешим, пахта ё нахи маснуӣ нақш мебандад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳунари сӯзандузии Туркман ба унвони бистумин унсури мероси фарҳангии маънавии Эрон авохири ноябр 2022 дар ҳабдаҳумин нишасти кумитаи посдорӣ аз мероси фарҳангии миаънавии Юнеско дар кишвари Марокаш сабт шуд.
Ҳунарманд, тарҳ ва нақшро дар зеҳни худ бо шаклҳои мухталиф монанди ҳайвонот, аносир мавҷуд дар табиати атрофи худ, адавот ва абзори ҷангӣ ва боварҳои мардум илҳом гирифта ва сипас тарҳҳои зеборо бар рӯй порча пиёда мекунад.
Туркманҳо дар маросими мухталиф аз ҷумла оинҳои динӣ ва мазҳабӣ, маросими сӯгворӣ ва азо ва ҷашнҳо аз пӯшиши музайян ба сӯзандузӣ истифода мекунад. Ин либосҳо бар асоси навъи маросим дорои тазъинҳои мутафовите аст.