Декабр 21, 2022 12:37 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони маркази стратегии Эрон ва Тоҷикистон
    Дидори раисони маркази стратегии Эрон ва Тоҷикистон

Раисони марказҳои стратегии Эрон ва Тоҷикистон зимни дидори бо ҳам бар густариши ҳамкориҳои илми ва роҳбурди миёни марказҳои стратегии ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Муҳаммадсодиқи Хаётиён, раиси маркази мутолеъоти стратегии раёсат Ҷумҳурии Эрон ва Хайриддин Усмонзода, раиси маркази мутолеъоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо ҳам бар густариши ҳамкориҳои илмӣ ва роҳбурди миёни марказҳои стратегии ду кишвар таъкид карданд.

Муҳаммадсодиқи Хаётиён дар ин дидор зимни таъкид бар аҳамияти ин кишвар дар сиёсати хориҷии давлати мардуми бар густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳои илми ва роҳбурди миёни ду маркази роҳбурди раёсати ҷумҳурии кишварҳо таъкид кард.

Дар ин дидор тарафайн зимни баёни фурсатҳо ва зарфиятҳои ҳамкории дуҷониба дар абъоди иқтисодӣ, фанни, сиёсӣ ва дипломатик фурсатҳо ва чолишҳои муносибот ва роҳкорҳои таҳаққуқи матлуби тавофуқоти дуҷонибаро мавриди барраси қарор доданд.

Дар ин дидор Хаётиён, раиси макари баррасиҳои стратегии раёсати ҷумҳурӣ зимни ишора ба пайвандҳои амиқи таърихи, фарҳангӣ ва тамадунии ду кишвар ва бозтоби он дар равобити ҳасанаи ду кишвар иродаи ҷиддии сарони ду кишвар баро иртиқои сатҳи равобит байни ҳамдигарро омили муҳим барои гусариши таъомулот ва пешбурди ҳамкориҳо барои рушди ду кишвар баршуморид ва иброз кард: Эрон барои рушди равобит бо Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияти надорад.

Вай ҳамчунин бар зарурияти тақвияти муносибаҳои иқтисодӣ ва рафъи чолишҳои мавҷуд ва истифода аз зарфиятҳои бузурги неруҳои фанни ва муҳандисии Ҷумҳурии исломии Эрон дар тарҳҳои фаннии Тоҷикистон таъкид карду гуфт: Дипломосии саломат ва дипломосии илми бо таъкид бар табодули устод ва донишҷу ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои фановарӣ ва дониши бунён аз дигар масоиле аст, ки метавонад пайванди ду миллати Эрон ва Тоҷикисонро беш аз пеш амиқ ва густариш диҳад.

Дар ин дидор раиси маркази мутолеъоти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни таъкид бар ҷойгоҳи роҳбурдии Ҷумҳурии Исломи ва нақши калидии Эрон дар маносибатҳои минтақаӣ бар густариши равобити дуҷониба таъкид ва бар анҷоми тарҳҳо ва ёдошти тафоҳумҳои муштарак таъкид кард.

Вай дар идома зимни ишора ба талоши раҳбарони ду кишвар бар густариши ҳамкории дуҷониба иброз дошт, ки Тоҷикистон густариши равобити ду кишварро сабаби тавсеъа дар Осиёи Марказӣ арзёби мекунад ва бар ҳамин асос талош дорад аз фурсатҳо ва заминаҳои ҳамкории муштарак дар ҷиҳати сулҳу суботи кишварҳои минтақа баҳра гирад.

Раиси маркази мутолеъот ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари терроризм ва ҷараёни такфириро хатари муштарак барои минтақа донист ва изҳор дошт: Метавон аз таҷрубаи мувафақи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мубориза бо терроризм ва муқобила бо ҷараёнҳои такфири барои сулҳу суботи минтақа истифода кард.

 

Барчасп