Декабр 21, 2022 12:54 Asia/Dushanbe
  • Иравонӣ: Вазъияти кунуни дар Афғонистон чолишбарангез аст
    Иравонӣ: Вазъияти кунуни дар Афғонистон чолишбарангез аст

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард: Бо вуҷуди талошҳои Созмони Милал вазъияти кунуни дар Афғонистон чолишбарангез аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирсаъид Иравонӣ дар нишасти рузи сешанбеи шурои амният дар мавриди вазъияти Афғонистон бо ишора ба гузориши ахири Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал дар мавриди ин кишвар изҳор дошт: ИН гузориш нишон медиҳад, ки 28.3 миллион афғон дар соли 2023 ба кумакҳои башардустона ва ҳимояти низё хоҳанд дошт, ки ин рақам дар соли 2023  24.4 миллион ва дар оғози соли 2021 18.4 миллион нафар буд.

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал афзуд дар ҳоле, ки кумакҳои башардустона барои Афғонисон ҳаёти аст роҳиҳалли дарозмуддат нест ва иқтисоди кишвар бояд дар авлавият қарор гирад, агар эҳёи иқтисоди Афғонистон машрут ё сиёсӣ шавад мардуми Афғонисон осеб хоҳанд дид.

Иравонӣ бо таъкид бар ин ки буҳрони инсонӣ дар Афғонистон набояд ба хотири дигар буҳронҳо ва даргириҳо маврифи фаромуши қарор гирад гуфт: Ҳамонтавре, ки борҳо таъкид кардем дороиҳои масдудшуда мутаъалиқ ба мардум аст ва бояд бедуни қайду шарт бозгардонда шавад то ба иқтисоди Афғонистон кумак шавад.

Сафири Эрон дар Созмони Милал таъкид кард: Мутаасифона Амрико ба ҷои пазириши масъулияти хуруҷи ғайримасъулонаи худ аз Афғонистон ба далели сохтаги ва бе асос барои тавҷеҳи иқдомоти ғайриқонунии худ аз ҷумла идомаи масдудсозии дороиҳои мардуми Афғонистон, ки барои эҳёи иқтисоди он ҳайти аст муатвасил шуда аст.

Вай таъкид кард Эрон саховатмандона ба мардуми Афғонистон, ки беш аз 40 сол дар Эрон зиндагӣ мекунанд бо вуҷуди ҳимояти андаки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва таҳримҳои ғайри инсонии Амрико кумакҳои лозимро ироа карда аст.

Намояндаи Эрон дар Созмони Милал бо ишора ба ҳузури ДИИШ дар Афғонистон бар таҳдиди ҷидди, ки ҳузури ДИИШ ва гуруҳҳои вобаста ба Алқоида дар Афғонистон барои сулҳу амнияти Афғонистон, ҳамсоягони он ва кулли минтақа эҷод мекунад таъкид кард.

 

Барчасп