Декабр 24, 2022 15:03 Asia/Dushanbe
  • Гуштигири эронӣ бартарин ситораи ҷавони соли гуштии озоди ҷаҳон шуд

Раҳмони Амузод-миллипӯши 65 килограми гуштини Эрон аз сӯи Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ ба унвони бартарин ситораи ҷавони гуштии озоди ҷаҳон дар соли 2022 интихоб шуд.

Иттиҳодияи ҷаҳонии киштии номзадҳои бартарин гуштигири ҷавони солро дар се бахши гуштии озод,фарангӣ ва занон муаррифӣ кард .
Дар риштаи гуштии озод Эрон 2 намоянда дар миёни 5 нафари бартар дошт .
Раҳмони Амузод ва Амирризои Маъсумӣ, ки дар мусобиқоти мухталифи байналмиллалии соли 2022 хуш дурахшиданд, ҷузви номзадҳои дарёфти ин унвон буданд .
Дар риштаи гуштии фарангӣ низ Сайиддонёли Суҳробӣ, ки дар вазни 67 килограми мусобиқоти умедҳои ҷаҳон ба медоли тилло расид, ҷузви 5 номзад қарор дошт.
Ба дин тартиб Раҳмони Амузод тавонист дар бахши киштии озод ба унвони бартарин ҷавони соли 2022 муаррифӣ шавад ва дар 20 солагӣ ба як ифтихори бузург бирасад .
Ӯ ки дар радаҳои синнии поинтар нишон дода буд бо чи сабки фавқулодае гуштӣ мегирад, имсол тавонист дар вазни 65 килограми мусобиқоти ҷаҳонии бузургсолон амалкарди фавқулодае аз худ нишон диҳад .
Миллипӯши гуштии Эрон бо шикасти тамомии руқабои худ он ҳам ба шакли қотеъона ва бо иҷрои фунӯни тамошоӣ ба медали тиллои ҷаҳон расид .

 

Барчасп