Декабр 26, 2022 11:08 Asia/Dushanbe
  • Ройзании сафири ҷадиди Эрон дар Афғонистон бо Гулбидини Ҳикматёр дар Кобул

Сафири ҷадиди Эрон дар Афғонистон ва Раҳбари ҳизби исломӣ ва нахуствазири пештини ин кишвар дар бораи муҳимтарин масоъили марбут ба кишвари Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кардаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳусайни Козими  Қумӣ сафири ҷадиди Эрон дар Афғонистон дар дидор  Гулбидини Ҳикматёр Раҳбари ҳизби исломӣ ва нахуствазири  пешини Афғонистон ҳамчунин дар бораи ташкили давлати фарогир дар ин кишвар ва густариши ҳамкориҳои Теҳрон-Кобул табодули назар кард.

Козими Қумӣ, пеш аз ин бо Амирхони Мунтақӣ сарпарастии Вазоратхонаи умури хориҷа ва муовиним иқтисодии давлати Толибони Афғонистон низ дидор ва гуфтугӯ кард. Аз замони ба қудрат расидани муҷаддади Толибон дар августи 2021 то кунун, Афғонистон бо шароити бисёр душвори  иқтисодӣ ноши аз майл надоштани ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои шиносоии расмии ин гурӯҳ ва бе рағбати ба ҳамкори бо ин кишвар мувоҷеҳ шудааст.

Увзои маъишатии мардуми Афғонистон ба шиддат дучори бӯҳрон ва фиқдони манобеъи молии мавриди ниёз барои воридоти колоҳои асоси ба Афғонистон монанди бринҷ, ҷав, гандум ва зурат, ки ба табъи он камбуд ва гаронии маводи ғизоӣ дар бозорҳоии ин кишвар рӯх додааст, сабаб шуда то амнияти ғизоӣ дар Афғонистон ба мухотира афтад ва наҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар бораи бӯҳрони инсонӣ ноши аз қаҳти ва гурӯснаги барои миллионҳо нафар дар ин кишвар ҳушдор диҳанд.