Баргузории маросими аъзодории солрузи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) дар саросари Эрон
Маросими аъзодории солрузи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) духтари гиромии Паёмбари Акрам(с) ва ҳамсари ҳазрати Алӣ(а) бо ҳузури густардаи аъзодорон дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон имруз сешанбе 3 ҷимодиулсони 1444 ҳиҷри қамарӣ ба ривояти солрузи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) аст.
Иродатмандони аҳлибайти исмат ва таҳорат(а) бо ҳуури густарда дар масҷидҳо, ҳусейнияҳо, маконҳои мазҳаби ва ҳамчунин боргоҳи малакутии ҳазрати имом Ризо(а) имоми ҳаштуми шиёъони ҷаҳон дар Машҳади муқаддаси ва ҳарами ҳазрати Маъсума(с) дар шаҳри Қум дар ойини сувгвории шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Заҳро(с) ашки мотам рехтанд.
Ҳамзамон бо солрузи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) пайкари мутаҳҳари даҳҳо шаҳиди гумноми даврони дифоъи муқаддас дар шаҳрҳои мухталифи Эрони исломӣ аз ҷумла Машҳади муқаддас ва Теҳрон ташиъ шуд.
Сайид Иброҳими Раисӣ субҳи имруз дар маросими ташиъи 200 шаҳиди гумноми дифоъи муқаддас дар муқобили донишгоҳи Теҳрон зимни таслияти шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) гуфт: Фотимаи Аҳар(с) улгуи барои башарият аст ишон як шахсияти бузуг, асаргузор ва таҳавулгаро дар таърих аст.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) дар 20 ҷидомулсонии соли 5 баъсат дар Маккаи Мукарама чашм ба ҷаҳон гушуданд.
Ишон пас аз 18 сол зиндагӣ бар асари зулмҳои фаровони ҳокимони вақт ва ранҷу ғами вафоти падарашон ҳазрати Муҳаммад(с) ба ривояти дар 13 ҷимодиулсони соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.