Декабр 29, 2022 10:19 Asia/Dushanbe
  • Амнияти минтақа бояд бо мушорикати кишварҳои минтақа бошад
    Амнияти минтақа бояд бо мушорикати кишварҳои минтақа бошад

Мудири кулли халиҷи Форси Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки Эрону Уммон иштироки назарҳои сиёсии фаровоне доранд, таъкид кард: Амнияти минтақа бояд бо мушорикати кишварҳои минтақа бошад.

Алиризо Иноятӣ, мудири кулли халиҷи Форси Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи дастовардҳои сафари Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ба Уммон гуфт: Дидори Амирабдуллоҳиён аз Уммон, сафари муҳиме буд ва ин сафар метавонад такмилкунандаи тавофуқоте бошад, ки пештар анҷом шудааст.

Иноятӣ афзуд: Ҳамвора таъкид кардаем, ки минтақаи халиҷи Форс дорои зарфиятҳои фаровон дар заминаҳои мухталиф аст ва ин заминаҳои фаровон метавонад аз сӯи кишварҳои минтақа комилан феълият пайдо кунад.

Мудири кулли халиҷи Форси Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, дар ҳафт соле ки гузашт, хисоратҳои фаровоне бар кишвару мардуми Яман ва зерсохтҳои ин кишвар ворид шуд.

Иноятӣ хотирнишон кард, ҳамвора бар таҳаққуқи хости Яман ва ин ки мавзӯи Яман ба таври комил як мавзӯи яманӣ аст, таъкид кардаему Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам аз хосту иродаи мардуми Яман барои ояндаи худашон ҳимоят мекунад.

 

Барчасп