Сабқати тавлиди худруи Эрон аз Фаронса ва Италия
(last modified Sat, 31 Dec 2022 05:29:04 GMT )
Декабр 31, 2022 10:29 Asia/Dushanbe
  • Сабқати тавлиди худруи Эрон аз Фаронса ва Италия

Мудири омили гуруҳи санъатии Эронхудрав гуфт : Ба рағми шароити сахти таҳримҳои золимона ширкати Эронхудрав муваффақ ба касби рутбаи 10 тавлиди худравсозӣ дар дунё шудаву оморҳои рушди тавлид нишон аз сабқат гирифтан аз кишварҳои Италия ва Фаронса дорад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Маҳдии Хатибӣ дар нишасти муштарак бо фаъолони қитъасозии устони Марказӣ бо баёни ин ки фосилае байни Эронхудрав ва занҷираи таъмин нест, гуфт : Тафаккури ҳоким дар ин ширкат кайфият аст, ки бо хосту талоши қитъасозон муяссар мешавад .
Хатибӣ бо баёни инки 70 дарсади тавлид муртабит бо қитъасозӣ аст, афзуд : Занҷираи таъмин дар шароити сахти таҳримӣ ҳомии тавлид будаву худравсозӣ такмилкунандаву тавлидкунандаи ниҳоии маҳсӯл аст .
Мудири омили гуруҳи санъатии Эронхудрав тасреҳ кард : Масъӯлона кор кардани қитъасозон ба афзоиши 50 дарсадии кайфияти маҳсӯлот мунҷар шуда ва бо вуҷӯди тамоми мушкилот ҳамзамон дар канори афзоиши кайфият, рушди мизони тавлид амалӣ шудааст .